Нӯшервон дар адабиёти паҳлавӣ, адабиёти асрҳои миёнаи форс-тоҷик, таърихҳои исломӣ ва ғайра образи шоҳи идеалӣ, одилу раиятпарвар. Манбаи пайдоиши ин образ шахси таърихӣ — подшоҳи cocoнӣ Хусрави I Анӯшервон аст. Зардуштияи рошидӣ, асарҳои динии зардуштие, ки ба забони форсии миёна (паҳлавӣ) иншо шудаанд, қадри ӯро баланд бардоштаанд. Хамин анъана дар …
Муфассал »Архив Месяца: July 2017
Нӯшдору
Нӯшдору (противоядие) гӯё доруе буда аст ҷонбахш, зидди марг. Мувофиқи равобити «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Рустам пас аз захмдор кардани Сӯҳроб ӯро шинохт ва аз кардааш пушаймон шуда, барои сиҳат шудани Сӯҳроб, ки дар дами марг буд, тавассути Гударз аз Ковус Нӯшдору хост. Ковус аз тарси он, ки Рустам бо писараш Сӯхроб …
Муфассал »Нӯш
«Нӯш» 1) оҳанг, суруди мавсимию маросимии қадимиест, аз таснифоти Борбади Марвӣ. 2) Яке аз оҳангҳони «Сигона*-» Борбади Марвӣ. 3) Шӯъбаи овозӣ дар «Понздаҳ- мақом». 4) Гӯшаи иловагиест ба шӯъбаҳои «Наврӯзи сабо» «Наврӯ- зи Аҷам», «Наврӯзи хоро», ки асрҳои 14—15 санъаткорони форс-тоҷик барои такмили қисматҳои созии ин шӯъбаҳо истифода намудаанд.
Муфассал »Нӯл
Нӯл, м и н қ о р, узви паррандаҳост, ки аз ду ҷоғи дарози бедандон ҳосил шуда, рӯяшро ғилофи шохӣ — рамфотека пӯшондааст. Рамфотека муттасил фит ва хӯрда шуда, боз месабзад ё соле як бор нав мешавад. Дар ҷанини паррандаҳо дар болонӯл дандони байзавӣ инкишоф меёбад, ки он барои шикастани …
Муфассал »Нукар
Нукар навкар дар асрҳои миёна хизматчии ҳарбии феодалони калон, хон, шоҳ ё султон. Нукар аз ибтидои асрҳои миёна маъмул буда, дар ҳолати ҷанг пеш аз ҳама ҷанговар ва дар замони осоишта — посбон, муқарраб ҳисоб меёфт. Ба ивази хизмати Нукар аввалҳо хонаю ҷой, хӯрок, либос, яроқу аслиҳа ва сонитар қисми …
Муфассал »Нӯзар
Нӯзар яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, нӯҳумин подшоҳи силсилаи Пешдодиён. Подшоҳӣ ба ӯ пас аз падараш Манучеҳр расид. Нӯзар пас аз муддате подшоҳӣ аз роҳу равиши одилонаи падар берун баромад ва ин сабаби парокандагии лашкар ва дилхунукии мардум гардид, Подшоҳи Тӯрон — Пашанг аз ин ҳолат истифода намуда писаронаш — …
Муфассал »Нӯгтез
Нӯгтез, олати сангин давраи палеолит аст. Нӯгтезро аз саҳфаҳои секунҷа дар шакли кӯтоҳ ва паҳн тайёр мекарданд. Нӯги Нӯгтез одатан секунҷа буд. Нӯгтез ҳамчун корд барои коркарди чӯб, шикори ҳайвонот ва ғайра ис- тифода мешуд.
Муфассал »Шаҳри Нюрберг
Нюрберг (Nurnberg), шаҳрест дар Республикаи Федеративии Германия, дар сарзамини Бавария. Дар соҳили дарёи Пегнис ва канали Людвигс чойгир шудааст. Аҳолиаш 499,2 ҳазор нафар (1976). Узели калони роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ; аэропорт дорад. Яке аз калонтарин марказҳои саноатии Республикаи Федеративии Германия. Соҳаҳои муҳими саноаташ: электротехника, дастгоҳсозӣ, механикаи дақиқ, истеҳсоли маснуоти …
Муфассал »Няя
Няя (савскр., айнан — қонун, қоида, умуман мантиқ), яке аз равияҳои фалсафаи Ҳинди Қадим. Дар таълимоти Няя мантиқ ва гносеология мавқеи калон доштааст. Пайдошни Няя бо номи ҳакими афсонавӣ Готама вобаста аст. Мувофиқи таълимоти Няя таркиби олами моддиро атомҳо ташкил медиҳанд ва омезиши онҳо боиси ташаккули ҳамаи предметҳо мегардад. Ғайр …
Муфассал »Нясаленд
Нясаленд (Nyasalond), собиқ мустамликаи Англия дар Африкаи Шарқӣ. Солҳои 1953—63 ба ҳайати Федерасиям Родезия ва Нясаленд, ки Британияи Кабир ташкил дода буд, дохил мешуд. 6 июля 1964 ба ҷои Нясаленд давлати Малави ташкил ёфт.
Муфассал »