Обинабот, навъи харбузаи миёнсолист. Шаклан лӯнда ё дароз (17—20 сантиметр), вазнаш 3—4 килограмм. Пӯсташ суфта, баъзан тӯр-тӯр, нақшҳои зард ё доғҳои ҷигарранг дорад. Рангаш асосан зарду сурхтоб. Ғафсии мағзаш 5—6,5 сантиметр, сафед, сершира ва хуштаъму хушбӯй, 7,4—9,3%’ қанд (4,9—5,6%’ сахароза), 9,2—11,8% моддаи хушк дорад. Баъди 70—78 рӯзи кишт мепазад. Аз …
Муфассал »Архив Месяца: July 2017
Обинабот
Обинабот 1) қиёмест, ки пас аз хӯша бастани набот боқӣ мемонад; 2) халвои махсуси Бухорост, ки бо равғани кунҷид ва орд пазанд. Нигаред низ Ҳалво.
Муфассал »Деҳаи Обимуккӣ
Обимуккӣ, деҳаест дар райони Ёвони вилояти Қӯрғонтеппа, маркази Совети қишлоқ Обимуккӣ. Территорияи совхози «Ёвон-2». Аз 0бимуккӣ то район 15 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1590 нафар (1981), тоҷикону ӯзбекҳо. Деҳа мактаби миёна, 2 китобхона, клуб, пункти тиббӣ, пункти ветеринарӣ, шӯъбаи алоқа, магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ—пахтаю обчакорӣ, боғу токпарварӣ ва кирмакдорӣ. …
Муфассал »Дарёи Обимазор
Обимазор, дарёест дар pайони Комсомолободи РСС Тоҷикистон, яке аз калонтарин шохобҳои чапи дарёи Хингоб. Тулаш 34 километр, масоҳати ҳавзааш 1030 километр2. Ҳавзаи Обимазор дар нишебии шимоли шарқии қаторкӯҳи Дарвоз ва нишебии ҷануби ғарбии қаторкӯҳи Мазор (яке аз шохаҳои шимоли қаторкӯхи Дарвоз) воқеъ гаштааст. Манбаи оби дарё — пиряху барф.
Муфассал »Деҳаи Обилурд
Обилурд, деҳаест дар Совети қишлоқи Навдонаки райони Комсомолободи РСС Тоҷикистон Территорияи совхози «Ғарм». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 8 километр, то район 27 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 540 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби миёна дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ ва картошкакорӣ. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Обила
Обила 1) гунбадаи об, куббачаи об, ҳубоб. 2) Об гирифтан ё варам кардани пӯст аз сӯхтан ё суда шудан ва фишор. Масалан, обилаи пой аз бисьёр роҳ гаштан ва ё фишори пойафзоли танг пайдо мешавад. 3) Нағзак, чечак. 4) Табхол, доначае, ки аз таб ё тарс дар лаб мебарояд.
Муфассал »Посёлкаи Обикиик
Обикиик, посёлкаест дар райони Куйбишеви, вилояти Қӯрғонтеппа маркази Совети қишлоқ Обикиик. Территория совхози «Съезди 24-уми партия»; Аз посёлка то маркази район 47 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2550 нафар (1981), тоҷикон, ӯзбекҳо ва ғайра. Посёлка мактаби миёна, клуб, кинотеатр, китобхона, касалхона, боғчаи бачагон, шуъбаи алоқа, ошхона, 5 магазин, ҳаммон ва комбинати …
Муфассал »Обикиик
Обикиик, қароргоҳест дар давраи мезолит, мансуби ҳазораи 8—7 то милод. Соли 1948 А. П. Окладников кашф ва соли 1964 бостоншинос В. А. Ранов тадқиқ намуд. Қароргоҳ байни дараи Даҳана ва водии Обикиик дар суфачаи 10—12 метр баландтар аз водӣ воқеъ аст. Як тарафи суфача ба адири қаторкӯҳи Даҳана мерасад. Қисми …
Муфассал »Обидҷон
Обидҷон (Abidjan), пойтахти Республикап Соҳили Оҷ. Дар сохили лагунаи Эбриёи уқёнуси Атлантик воқеъ гаштааст. Бандари асосии баҳрии мамлакат. Аз Обидҷон то Уагадугу (Волтаи Боло) роҳи оҳан ҳаст. Узели роҳҳои мошингард; аэродром дорад. Ахолиаш кариб 1,2 миллион нафар (1979, бо ат- рофаш). Калонтарин маркази тиҷорат. Соҳаҳои саноаташ: хӯрокворӣ (консервҳои моҳӣ ва …
Муфассал »Обидӣ
Обидӣ (тахаллус; фамилия О б и д о в Ҳамид; 1911, дехаи Қаратоғи ҳозира pайони Турсунзода — 16. 3. 1948, Душанбе), нависандаи советии тоҷик. Аз оилаи бофанда. Аъзои КПСС аз соли 1941. Соли 1930 Институти муаллимии Тошкентро хатм намуда, ба Душанбе баргашт. Дар редаксияи газетаҳои «Комсомоли Тоҷикистон*. «Тоҷикистони Сурх», «Васияти …
Муфассал »