«Огонёк», журнали оммавӣ-сиёсӣ ва адабию бадеии мусаввар. Аз соли 1923 дар Москва нашр мешавад. Муҳаррири аввалинаш М. Е. Колсов (то соли 1938), баъд дар вақтҳои гуногун Е. П. Петров, А. А. Сурков муҳаррири карданд, аз соли 1953 муҳаррири «Огонёк»—А. В. Софронов. «Огонёк» хроникаи ҳаёти ҳозира, ҳикоя, очерк, шеър, мақола ва …
Муфассал »Архив Месяца: July 2017
Огнев Владимир Фёдорович
Огнев Владимир Фёдорович (таваллуд 7. 7. 1923, Полтава), адабиётшинос ва мунаққиди советии рус. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945); Институ-ти адабиёти ба номи М. Горкийро тамом кардааст. Огнев асосан бо масъалаҳои таърих ва назарияи шеъри муосир, адабиёти халқҳои СССР ва мамлакатҳои сотсиалистӣ машғул буда, мақола ва асарҳояш бештар дар шаклҳои илмию …
Муфассал »О. Генри
О Генри (0. Henry; тахалл.; номаш Уильям Сидни Портер; 11.9. 1862 Гринсборо, Каролинаи Шимолӣ — 5. 6. 1910, Ню-Йорк), нависандаи америкоӣ. Соли 1894 муҳарриру ношири газетаи ҳафтаинаи ҳаҷвӣ буд ва аввалин таълифоташ дар он ҷо ба табъ расидаанд. Ҳисобчии банк низ буд, камомад кард ва се солро (1898—1901) дар ҳабсхона …
Муфассал »Огаҳӣ
Огаҳӣ (тахаллус; номаш Myҳаммадризо ибни Эрниёзбек; 1809, деҳаи Қиёти иазди Хевя —1874), шоири ӯзбек, муаррих, олим ва тарҷумон. Мадрасаро хатм кардааст. Забонҳои арабӣ, форсӣ-тоҷикӣ ва туркиро хуб медонист. Аз Огаҳӣ девони ашъор бо номи «Таъвиз-ул-ошиқин» (9000 байт, нашр 1905, 1909, Хева), якчанд асари таърихӣ — «Риёз-уд- давла» (1844), «Зубдат-ут-таворих» (1846), …
Муфассал »Огаҳии Яздӣ
Огаҳии Яздӣ (соли таваллуд ва вафот) номаълум), шоири эронӣ. Дар 16 умр ба cap бурдааст. Бино ба гуфтаи муаллифи «Тӯҳфаи Сомӣ», Огаҳии Яздӣ шоири пешавар буда, бо дӯзандагӣ рӯз мегузарондааст. Дар «Қомус-ул-аълом» ишора шудааст, ки ӯ тамоми умрашро дар Язд гузаронда ва як бор ба Ҳирот сафар кардааст. Бештар қасидаю …
Муфассал »Огаҳии Xуросонӣ
Огаҳии Xуросонӣ Мавлоно Ҷамолуддин Муҳаммад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс- тоҷик. Дар чоряки охири асри 15 дар Ҳирот ба дунё омада, то нимаи аввали асри 16 умр ба cap бурдааст. Пас аз таҳсили расмӣ Огаҳии Xуросонӣ дар назди яке аз писарони Ҳусайн Бойқаро — Шоҳғариб хизмат кардааст. Огаҳии …
Муфассал »Ограков Николай Васильевич
Ограков Николай Васильевич (таваллуд 30. 10. 1917, деҳаи Молоково, ҳозира pайони Молоковскии вилояти Калинин), ҳодими ҳарбӣ, Маршали Ит- тифоқи Советӣ (1977). Аъзои КПСС аз соли 1945. Дар Армияи Сурх аз соли 1938. Академияи ҳарбии инженерии ба номи В. В. Куйбышев (1941) ва Академияи ҳарбии Штаби генералии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР-ро (1959) …
Муфассал »Огарёв Николай Платонович
Огарёв Николай Платонович (6. 12. 1813, Петербург —12. 6. 1877, Гринвичи Лондон), революсионер, публисист ва шоири рус. Аз оилаи дворянин. Аз соли 1830 дар Университети Москва таҳсил ме-кард. Бо ташаббуси Огарёв ва А. И. Герсен кружоки студентӣ ташкил карда шуд, ки кружоки сиёсӣ ҳисоб меёфт. Огарёв тобистони 1834 бо баъзе …
Муфассал »Дарёи Оҳайо
Дарёи Оҳайо (Ohio River), дарёест дар ШМА, шохоби чапи дарёи Миссисипӣ. Тулаш 1580 километр, масоҳати ҳавзааш 528,1 ҳазор километр. Дар наздикии шаҳри Питсбург аз ҳамроҳшавии дарёҳои Аллегейнӣ ва Мовонгахила, ки дар колхозҳои Аппалачи ибтидо меёбанд, ба вуҷуд омадааст. Шохобҳои асосиаш; аз рост — Маскингем, Майами, Уобаш; аз чап — Кентукки, …
Муфассал »Деҳаи Овчӣ
Овчӣ, деҳаест дар Совети қишлоқи Овчии pайонини Ғончӣ, вилояти Ленинобод. Территорияи совхози ба номи Карл Маркс. Аз Овчӣ то маркази Совети қишлоқ 19 километр, то район 51 километр; роҳаш қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 1735 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби миёна, клуб, китобхона, пункти тиббӣ, сартарошхона ва устохонаи пойафзолдӯзӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ— …
Муфассал »