Озодиҳои демократӣ нормаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқиест, ки мавқеи шахсро дар давлат муайян мекунанд. Конститусияи СССР ва конститусияи республикаҳои иттафоқию автономӣ ба гражданҳои СССР баҳри ба Советҳои депутатҳои халқӣ ва органҳои дигари интихобии давлатӣ интихоб кардан ва интихоб шудан ҳуқуқ медиҳанд. Барои манфиатҳои халқ ва ба мақсади мус- таҳкам гардонидан ва …
Муфассал »Архив Месяца: July 2017
Деҳаи Озодии шарқ
Озодии шарқ, деҳаест дар Совети қишлоқи Арали райони Куйбышев, вилояти Қӯрғонтеппа. Маркази колхози ба номи Владимир Илич Ленин. Аз деҳа то маркааи Совети қишлоқ 4 километр, то маркази район 10 километр, то стансияи роҳи оҳан Вахш (хатти Тирмиз — Қӯрғонтеппа—Ёвон) 2 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 745 нафар (1981), тоҷикон ва …
Муфассал »Озодии сухан
Озодии сухан, нигаред Oзодиҳou демократӣ.
Муфассал »Деҳаи Озодии меҳнат
Озодии меҳнат, деҳаест дар Совети қишлоқи Оқгазаи райони Вахш, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи колхози «Москва». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 6 километр, то район 15 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 335 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз канали Дарахтзор обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Озодии маҷлис, митинг ва намоишҳо
Озодии маҷлис, митинг ва намоишҳо, нигаред Озодиҳои демократӣ.
Муфассал »Озодии матлубот
Озодии матлубот, нигаред Озодихои демократӣ.
Муфассал »Озодии Ирода
Озодии Ирода, категорияи фалсафиест, ки мувофиқи он имсол дар ҳалли масъалаҳои мухталиф озод буда, мувофиқи салоҳдиди худ амал мекунад. Баҳсу мунозираҳои тезу- тунде, ки дар атрофи ин масъала аз замони Суқрот ин ҷониб давом доранд, ба аҳамияти ҳаётӣ доштани он гувоҳӣ медиҳанд. Дар шарҳи Озодии ирода ду ҷараёни фалсафӣ аз …
Муфассал »Деҳаи Озодии занон
Озодии занон, деҳаест дар Совети қишлоқи «40-солагии РСС Тоҷикистон», районини Ленини РСС Тоҷикистон Территорияи колхози «Коммунизм». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 2 километр, то район 18 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 680 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз дарёи Душанбе обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Озоддарахт
Озоддарахт (Melia azodarach), дарахтест аз оилаи Meliaceao. Дарахти зебо, баландиаш 12—16 метр; барги паршакли сабзи тира (дарозиаш 35—50 сантиметр), гули бунафши бӯё дорад. Мевааш заҳрнок буда, лӯндаи зардтоб аст. Дар Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу-Шарқи — Ҳимолой, Хитой ва Япония, инчунин дар Гвинеяи Нав ва Австралия мерӯяд. Дар ноҳияҳои ҷанубии республика …
Муфассал »Озодвори Чангӣ
Озодвори Чангӣ (562, Истахр — 625, ҳамон ҷо), мутриба, мусиқидони машҳури форс- тоҷик. Чанд муддат дар дарбори Хусрави Парвиз хизмат карда, дастаи занону духтарони санъаткорро сарварӣ менамуд. Озодвори Чангӣ асосан дар чангнавозӣ шӯҳрат пайдо карда, аз аввалин занони санъаткори касбӣ ба шумор мерафт. Бо ташаббуси ӯ дар аҳди Сосониён дастаи занону …
Муфассал »