Олиго (аз юнонӣ oligoa — камтар, андак), қисми калимаҳои мураккаб, ки кам будани шумора, миқдор ва ғайраро ифода менамояд. Масалан, олигофрения, олигурия ва ғайра.
Муфассал »Архивы за день : 28.07.2017
Олигархияи молиявӣ
Олигархияи молиявӣ, табақаи болоии буржуазияи монополистиест (бойтарин соҳибони капитал, бонуфузтарин намояндагони монополияҳои тиҷоративу саноатӣ ва молиявӣ), ки тавассути он капитали молиявӣ дар иқтисодиёт ва сиёсати давлатҳои капиталистӣ ҳукмфармо мебошад. Дар замони империализм баробари ташкил ёфтани монополияҳои саноатӣ монополияҳои банкӣ низ ба вуҷуд меоянд. Қариб тамоми муомилоти пулии мамлакат тавассути банкҳо …
Муфассал »Олигархия
Олигархия (юнонӣ oligarsbia — ҳокимияти ақаллият, аз oligoa — ақалият ва arche — ҳокимият), шакли идоракуниест, ки ҳокимияти давлатиро гурӯҳи хурди одамон соҳибӣ карда, онҳо одатан аз ҷиҳати иқтисодӣ нисбат ба дигарон пурзӯртаранд. Худи гурӯҳи ҳукмронро низ Олигархия гӯянд. Истилоҳи «Олигархия» аввалин бор дар асарҳои муаллифони Юнони Қадим (Арасту ва …
Муфассал »Оливин
Оливин (аз лотинӣ oliva — зайтун) п е р и дот, забарҷад, минерали асосӣ аз гурӯҳӣ Оливин. Таркиби химиявиаш (Mg, FejiSiOJ. 8—12%, баъзан то 20% FeO ва 45—50% MgO дорад. Системаи кристаллбандиаш ромбӣ. Дар шакли агрегатҳои донадор ва кристаллҳои тахтачаю призмамонанд вомехӯрад. Рангаш бунафши баланд, сабзи зардтоб, баъзан беранг. Сахтиаш …
Муфассал »Оли Xуҷанд
Оли Xуҷанд, Хонадони хуҷандиён, сулолаест, ки аз солҳои 70 асри 11 то охири асри 12 риёсати мазҳаби шофеия, баъдтар хукумати вилояти Исфаҳонро дар ихтиёр дошт. Нуфуз ва мақоми хонадони Хуҷандиёнро қайд карда, шоирон ва муаррихону тазкиранависон онҳоро фозилу илмдӯст ва маърифатпарвар ба қалам додаанд. Ба Оли Xуҷанд Абӯбакр Муҳаммад ибни …
Муфассал »Дарёи Олекма
Олекма, дарёест дар вилоятҳои Чита, Амур ва РАСС Еқутистони РСФСР, шохоби рости дарёи Лена. Саробаш дар нишебиҳои шимоли қаторкӯҳи Мурой (Олёкминский Становик). Аввал ба Шимоли Шарқ ва баъд ба Шимоли Ғарб ҷорӣ шуда, дар наздикии шаҳри Олёкминск ба дарёи Лена ҳамроҳ мешавад. Тулаш 1436 километр, масоҳати ҳавзааш 210 ҳазор километр2. …
Муфассал »Олефинҳо
Олефинҳо, алкенҳо, қатори гомологии карбогидридҳои носери (формулаи умумиашон Сп Н2п) занҷирашон кушод, ки як банди дучандаи карбон-карбон доранд. Олефинҳо ба пайвастҳои асиклӣ мансубанд. Узви аввалини Олефинҳо этилен СН2=СН2 аст. Бинобар ин онҳоро карбогидридҳои этиленӣ низ меноманд. Этилен ва гомологҳои наздики он (пропилен СНз = СН—СНз, бутенҳо CJla, ампленҳо С5Н10 ва …
Муфассал »Олеум
Олеум (аз лотинӣ oleum vitriol! — равғани купорос), H2S2O7, кислотаи сулфати дудкунанда, маҳлули ангидриди сулфат S03 дар кислотаи сулфати беоб. Олеум моеъи равғавмонанди беранг буда, дар ҳавои нам дар натиҷаи аз таъсири буғи S0) ва Н2О ҳосилшавии қатраҳои H2S0, «дуд» мекунад. Одатан Олеуми истеҳсолшаванда 18—20% ва баъзан то 60%< S03 …
Муфассал »Дарёи Оленёк
Оленёк, дарёест дар РАСС Ёқут., қисми болообаш дар кишвари Краснояри РСФСР. Тӯлаш 2292 километр, масоҳати ҳавзааш 220 ҳазор километр2. Аз пуштакӯҳи Вилюй cap шуда, баъди аз қисми шимоли паҳнкӯҳи Сибири Миёнаю пастии Сибири Шимолӣ гузаштан ба халиҷи Оленёки баҳри Лаптевҳо мерезад ва дар резишгоҳаш делта (масоҳат 475 километр2, тӯлаш 20 …
Муфассал »Олег Святославич
Олег Святославич (миёнаи асри 11. — 4. 8. 1116), князи Руси Қадим, писари князи бузурги Киев Святослав. Соли 1073 замини Ростову Суздалро аз падар мерос гирифт, баъд князи Волин шуд. 1076 ҳамроҳи Владимир Мономах ба Чехия юриш кард. Баъди вафоти падараш (1076) мулкҳояшро аз даст дода, 1078 ба князии Тмутаракан …
Муфассал »