Овозҳои нутқ, овозҳое, ки бо мақсади мубодилаи афкор тавассути дастгоҳи гуфтор (узвҳои нутқ) сохта ва талаффуз мешаванд. Овозҳои нутқ дар асоси «фармоне», ки аз нимкураи чапи майнаи cap мерасад ба вуҷуд меоянд. Таҳдиду таҳлили Овозҳои нутқ дар се замина — тавлидӣ, физикӣ ва иҷтимоӣ (лингвистӣ) сурат мегирад. Дар заминаи тавлиди …
Муфассал »Архивы за день : 21.07.2017
Газета «Овози Шарқ»
«Овози Шарқ», газета, органи Бюрои партиявӣ ва революсионии РАСС Тоҷикистон. Аз 12 августи 1924 ҳафтае як маротиба ба забони тоҷикӣ дар Душанбе нашр мешуд. Баъди якчанд шумора соли 1924 чопаш қатъ гардид.
Муфассал »Газета «Овози Тоҷик»
«Овози Тоҷик» газета; дар арафаи тақсимоти миллии Осиёи Миёна дар Самарқанд таъсис ёфт. Шумораи аввал ин «Овози тоҷики камбағал» ном дошт ва он 25 август 1924 чоп шудааст. Аз шумораи 10-ум cap карда, калимаи «камбағал» ихтисор шуд. Ин газета аввал ҳамчун органи КМ ПК (б) Туркистон, аз 10 декабри 1924 …
Муфассал »Овози машваратӣ
Овози машваратӣ (дар ҳуқуқ), ҳуқуқи дар кори органҳои интихобӣ ё ташкилотҳои байналхалқӣ танҳо бо вазифаи маслиҳатдиҳӣ иштирок кардан (яъне бе ҳуқуқи иштирок дар овоздиҳӣ).
Муфассал »Газета «Овози дӯстӣ»
«Овози дӯстӣ», газета, органи комитети районии ПК Тоҷикистон ва Совети депутатҳои халқии pайони Рӯшон. Аз соли 1949 бо тиражи 2100 нусха ҳафтае 2 маротиба ба забони тоҷикӣ нашр мешавад. Аввал «Рӯшони советӣ» ном дошт, аз соли 1960 то 1965 чопаш қатъ гардид. Аз январи 1966 бо номи «Овози дӯстӣ» нашр …
Муфассал »Овоза
Овоза маҷмӯи пардаҳо, ладҳоест дар системаи «Дувоздаҳмақом». Ин мақмӯъ аз 6 лад иборат буда, номҳои зеринн доранд: «Наврӯз», «Гардония», «Салмак», «Гавашт» (Гувашт), «Моя» ва «Щауноз». Дар «Рисолаи мусиқӣ»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ба ладҳои гурӯҳи дуюми системаи қаторовози 17-зинадор, ки баъди мақомҳо меоянд, мансуб будани Овозҳо зикр шудааст. Овозҳо аксаран аз пардаҳои баланди …
Муфассал »Овози capоянда
Овози capоянда дар мусиқӣ, мафҳуми «овози ҳофиз» ба қобилияти сарояндагии одам вобаста аст. Овоз аз нутқ бо савт, баландии муайян ва кашолёбиаш фарқ мекунад. Овоз дар инсон аз синни кӯдакӣ бо мурури инкишофи шунавоии мусиқӣ ва аппарати овоз пайдо шуда, тадриҷан такомул меёбад (дар синни 13 ба 1,5 октава мерасад). …
Муфассал »Овоз
Овоз, маҷмӯи садоҳои аз ҷиҳати баландӣ, қувва ва оҳанг (тембр) ryногуне, ки бо ёрии аппарати Овози одам ва ҳайвонҳои бо шуш нафаскашанда бароварда мешаванд ҳангоми ҳаракатҳои рефлектории мушаакҳои ҳанҷара (aтсa, сулфа ва ғайра) низ Овоз ба вуҷуд меояд. Ба воситаи Овоз одам эҳсосот ва фикри худро баён мекунад Оид ба …
Муфассал »Овисидҳо
Овисидҳо (аз лотинӣ Ovum—тухм, caedo —мекушам), моддаҳои химиявиест, ки тухми ҳашарот ва канаҳоро нест мекунад. Нигаред низ Пестисидҳо.
Муфассал »Публий Овидий Назон
Публий Овидий Назон (Publius Ovidius Naso) (43 то милод— тақрибан 18), шоири римӣ. Шеъри ҳасбиҳолӣ ва асосан, ишқӣ менавишт. Овидий дар достонҳои аввалинаш «Илми ишқ» ва «Давои ишқ» дар муносибатҳои ишқӣ ба хонанда ,насиҳат дода, манзараҳои ҳаёти Римро тасвир кардааст. Достони «Масх» («Метаморфозаҳо») 250 ривояти асотирӣ ва фолклориро доир ба …
Муфассал »