Маълумоти охирин
Главная / 2017 / July / 12 (страница 7)

Архивы за день : 12.07.2017

Нос

0

Нос, тамокуи кӯфтаи бо оҳак, хокистар ва равғани загир (кунҷид ё пахта) омехта соидашудаест, ки ба зери забон гирифта боз мепартоянд ва он гуё мисли чилим ва папирос кайф медиҳад. Нос аз 45% барги кӯф­таи хушки тамоку, 32% хокистар, 18% равғани растанӣ ва 5% оҳаки шукуфта иборат аст. Баъзаи ба …

Муфассал »

Норӣ Ибодуллоҳ

Норӣ Ибодуллоҳ Муҳаммадсолеҳи Бухороӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), олими тиб, дорушиноси асри 19 тоҷик. Дар Бухоро таваллуд ёфта, дар Самарқанду Хоразм таҳсили илм кардааст. Аз асарҳои Норӣ танҳо «Маҷмӯаи Солеҳӣ» то замони мо расидааст. Асари мазкур масъалаҳои таснифу ташхис ва пешгирию муолиҷаи бемориҳо, тайёр кардану истифода бурдани доруҳои соддаю …

Муфассал »

Норов Сӯюн

0

Норов Сӯюн (таваллудаш 1905, деҳаи Узуни pайони Ҳисор), яке аз иштирокчиёни фаъоли муборизаи зидди босмачигӣ дар Тоҷикистон, полковники милитсия. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1932. Солҳои 1915—1925 бат­рак буд. Соли 1925 ба отряди махсус оид ба муборизаи зидди босмачиён дохил шуда, 1926 ба кори органҳои ОГПУ гузашт. Солҳои …

Муфассал »

Нормушкиҳо

0

Нормушкиҳо (Celastraceae), оилаи растаниҳои дупаллагист. Дарах ти ҳамешасабз ё хазонрез, бутта ё лианаанд. Баргашон содда, гулашон актиноморфии дуҷинса (баъзан якҷинса) буда, 4—5 косабарг ва гул- барг, 4—5 ё 8—10 гардбарг доранд; ғӯракашон болои; дар дохили гулашон шаҳддон мавҷуд аст; ғӯзамева, ғуҷуммева ё донакмева доранд. Қа­риб 60 ҷинсу 850 намудашон дар …

Муфассал »

Нормушк

0

Нормушк (Euonymus), як ҷинси растаниҳои хазонрез ва ҳамешасабзи буттагӣ ё дарахтист; мансуби нор­му шкиҳо; барги соддаи рӯ ба рӯ, гу­ли дуҷинсаи 4—5 аъзогӣ (баъзан тоқа-тоқа) ва ғӯзамева дорад. Бештар аз 200 намудаш маълум аст. Қариб ҳамаи намудҳои Нормушк заҳрноканд. Дар бешаҳои СССР қариб 20 намудаш мерӯяд. Е. verrucosus (ниг. pacм) …

Муфассал »

Нормативизм

0

Нормативизм, яке аз ҷараёнҳои асосии назарияи ҳуқуқи буржуазии асри 20. Нормативизм бо позитивизми дар ҳуқуқшиносии асри 19 ҳукмрон алоқаманд аст. Нормативизм тезисҳои позитивизмро инкишоф дода, талаб мекунад, ки илми ҳуқуқшиносӣ аз омӯзиши омилҳои иҷтимоӣ, ки ба қонунгузор, адолати судӣ, рафтори одамон дар соҳаи ҳуқуқ таъсир мерасонанд, даст кашад. Нормативизм даъват …

Муфассал »

Норматив

0

Норматив, ҳисобу китоби вақти корӣ, захираҳои моддӣ ва пулие, ки ҳангоми ба норма ва ба план гирифтан, идора кардани фаъолияти истеҳсолию хоҷагии корхона (иттиҳо­дия) ва ташкилотҳо истифода мешавад. Дар шакли натуралию аш­ёӣ ва арэзишӣ муайян шуда, бо бузургиҳои мутлақ ё нисбӣ ифода меёбад. Дар СССР Норматив дар ҳолатҳои зер амал …

Муфассал »

Норманнҳо

0

Норманнҳо (аз сканд. northman —одами шимолӣ), номи халқҳои Скандинавия дар давраҳои тохтутозашон (охири асри 8 — миёнаи асри 11 дар Европаи Ғарбӣ. Дар худи Скан­динавия Норманнҳоро викингҳо ва дар Руси Қадим варягҳо меномиданд.

Муфассал »

Нормал

Нормал (франс. normal, аз лот. normalis — рост), хати ростест, ки ба расандаи ягон нуқтаи хати кач (ё ба ҳамвории расандаи сатх) перпенди­куляр мебошад. Хати каҷи ҳамвор дар ҳар нуқтааш як Нормал дорад, ки дар ҳамвории хати каҷ мехобад. Агар х = f(t) ва у = g(t) муодилаҳои па­раметрии хати …

Муфассал »

Нормаи ҳуқуқ

0

Нормаи ҳуқуқ, қоидаи рафтори ҷамъиятиест, ки аз тарафи давлат муқаррар шуда, барои ҳама ҳатми мебошад. Нормаи ҳуқуқ чун тамоми ҳуқуқ муносибатҳои муайяни ҷамъиятири ба манфиати синфи ҳукмрон инкишоф медиҳад. Нормаи ҳуқуқро органҳои ваколатдори давлатӣ мууқаррар менамоянд. Нормаи ҳуқуқ аз 3 қисм — гипотеза (муайян намудани шартҳoe, ки чун дастур истифода …

Муфассал »