Маълумоти охирин
Главная / 2017 / July / 12 (страница 6)

Архивы за день : 12.07.2017

Носири Хисрав

0

Носири Хисрав Абумуинуддин (1004, Қабодиён— 1088, деҳаи Юмгони Бадахшони), шоирн форс-тоҷик, файласуф, арбоби дин. Дар оилаи деҳқони давлатманди асилзода ба дунё омадааст. Падараш бо корҳои давлатӣ шуғл меварзид. Носири Xусрав аз айёми кӯдакӣ ба омӯзиши илмҳои замони худ, азқабили сарфу наҳв, забонн арабӣ, илми адаб, фалсафа. табииёт, тиб, ҷуғрофия, нуҷум, …

Муфассал »

Носири Xатиби Шафъавӣ

Носири Xатиби Шафъавӣ Ҳоҷи Носируддин Ҳусайн ибни Ҳиббатуллоҳ ибни Ҳусайн (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 14 форс-тоҷик. Роҷеъ ба ҷараёни зиндагӣ ва илмомӯзии ӯ маълумоте пайдо нест. Бино ба ишораи Саид Нафисӣ (дар «Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ») ӯ яке аз донишмандон ва шоиронн …

Муфассал »

Носири Самаркандӣ

Носири Самаркандӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти асри 16 форс-тоҷик. Дар Самар­қанд ба дунё омада, дар он ҷо таҳсил ва камоли касб кардааст. Хати настаъликро хело олӣ менавиштааст. Бо хати ӯ нусхаҳои зиёдо аз ҷумла «Куллиёт»-и Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ (китобат 1569) дар китобхонаҳои Эрону Афғонистон нигоҳ дошта мешавад. Намунаҳои …

Муфассал »

Носири Бухороӣ

Носири Бухороӣ Шоҳдарвеш ё Дарвеш Но­сир (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1371—1372), шоири форс-тоҷик. Айёми ҷавонӣ ва таҳсилоташро дар Бухоро гузаронида, пас аз таҳсил ба сабаби фақирӣ ва тангдастӣ ба шаҳрҳои Хуросон, Озарбойҷон ва Ироқ сафар кардааст. Зиндагии фақирона ва тангдастона доштани ӯро чанде аз тазкиранависон, аз ҷумла Давлатшоҳи Самардандқӣ …

Муфассал »

Носири Балҳӣ

Носири Балҳӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Аз вилояти Балх. Яке аз мансабдорони давлати аштархонӣ буд ва ба шеъру шоири таваҷҷуҳи зиёде дошт. Малеҳои Самарданқӣ дар тазкираи «Музокир-ул-асҳоб» хабар медиҳад, ки Носири Балҳӣ баробари пеш бурдани корҳои давлатӣ, пайваста шеър менавишт, соҳиби девони тамом буд ва …

Муфассал »

Носиралии Сарҳиндӣ

Носиралии Сарҳиндӣ (соли таваллуд номаълум—вафоташ 1697, Деҳлӣ), шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар Сарҳинд таваллуд шуда дар ҳамон ҷо маълумоти ибтидоӣ гирифтааст. Аз Носиралии Сарҳиндӣ девони ғазалиёту рубоиёт боқӣ мондааст. Маснавии «Маноҳар ва мадҳомалат» ва манзумаҳое дорад, ки дар онҳо музофоти мухталифи Ҳинд ва урфу одати мардуми он тасвир ёфтаанд. Носиралии Сарҳинд …

Муфассал »

Носир Ҷамол Абдунносир

Носир Ҷамол Абдунносир (15.01.1918, Бани Мур —28.09. 1970, Қодира), арбоби давлати ва сиёсии Миср. Аз оилаи корманди поч­та. Мактаби миёна (1935) ва омӯзишгоҳи ҳарбиро (1939) дар Қоҳира хатм намуд. Соли 1942 ба коллеҷи ҳарбии Штаби генералӣ дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм кард. Иштирокчии ҷанги Арабу Исроил (1948—1949). Солҳои …

Муфассал »

Носеҳи Xатлонӣ

Носеҳи Xатлонӣ Абдурраҳмонхоҷа ибни Мирзоподшоҳ (таваллудаш 1767-1768, Хатлон — соли вафоташ номаъ­лум), шоири тоҷик. Айёми кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш гузаронидааст. Баъдан барои иқомаи таҳсил ба Бухоро рафт. Пас аз хатми таҳсил дар Бухоро сокин шуд. Ба шаҳрҳои Мовароуннаҳр, аз ҷумла Тошканду Хуҷанд сафар кардааст. Аз Носеҳи Xатлонӣ девони …

Муфассал »

Носеҳ Мирзо Араб

Носеҳ Мирзо Араб (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири эронӣ (асри 17). Дар мавзеи Аббосободи Исфаҳон ба дунё омадааст. Дар зодгоҳаш касби камол намуда, сипас дар Табрез зиндагиву эҷод кардааст. Аз ин рӯ, дар баъзе тазкираҳо ба нисбаи «Табрезӣ» ёд мешавад. Соиб ба Носеҳ эътиқоду эҳтиром дошта, ба якчанд ғазали …

Муфассал »

Носака Сандзо

0

Носака Сандзо (таваллудаш 30.03.1892, Хаги), ходими ҳаракати коргарии Япония ва байналхалқӣ. Соли 1917 Университети Кэйо (Япония)-ро хатм намуд. Дар кори ташкилоти коргарии Юайкай иштироки фаъол дошт, аз соли 1922 дар федератсияи меҳнати Япония кор кард.  Аъзои Партияи Коммунистии Япония (ПКЯ) аз соли 1922. Соли 1924 дар ташкили органи легалии ПКЯ …

Муфассал »