«Нузҳатномаи алоӣ» (номаи тафарруҷ барои Алоуддавла), асари энсиклопедӣ, таълифи Шоҳмардон ибни Абулхайр, ки дар Астаробод таълиф шудааст. Ин асар аз илмҳои даври худ, пеш аз ҳама илмҳои табиию таърих баҳс мекунад. Мундариҷаи он чунин аст: табиати инсон ва анатомияи вай, ҳайвонот, наботот, фулуззот ва маъданиёт, чор унсури табиат, риёзиёт, ҳайат, …
Муфассал »Архивы за день : 12.07.2017
Нузҳат
Нузҳат Мулло Насруддинмаҳдуми Бухороӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири охири асри 18 ва аввали асри 19 тоҷик. Дар Бухоро таҳсил кардааст. Дар аксари илмҳои замонаш қудрат дошта, махсусан дар техники рамлу шеър ва маънии онҳо устод будааст. Чунонки Абдӣ дар тазкирааш мегӯянд, Нузҳат ашъори дилписанд, алфози матин ва ибороти …
Муфассал »Нузулулмо
Нузулулмо ( фуромадани об), бемории гавҳараки чашмро гӯянд, ки ҳангоми он рутубати бегона дар миёни рутубати байзияй чашм ва қарния қарор мегирад. Инро аз берун дидан мумкин аст, рангаш гуногун мебошад.
Муфассал »Нувайрӣ Шиҳобуддин Аҳмад
Нувайрӣ Шиҳобуддин Аҳмад ибни Абдулваҳҳоб (06. 04. 1279 — 17. 06, 1332, Қоҳира), энсиклопедисти араб (Миср). Дар Миср ва Сурия вазифаҳои давлатиро иҷро мекард. Муаллифи яке аз се маъмултарин энсиклопедияҳои давраи мамлукҳо— «Ниҳоят-ул-араб фӣ фунун-ил-адаб» мебошад, ки аз 31 ҷилд иборат аст. Маълумоти то соли 1331-ро ниҳоят дақиқ ва ҳаматарафа …
Муфассал »Нубувват
Нубувват (пайғамбарӣ), таълимоти динист, ки бар хилофи пешбини илмӣ, гӯё дар асоси ваҳй ё каромот пайдо шуда, ба қувваҳои фавқуттабиа алоқаманд аст. Мӯътақидон ақида доранд, ки иродаи худо сабаби ҳодисаҳо ва оқибати онҳост тақдири одамон ба ҳамин ирода вобаста аст. Аз ин рӯ, шахсҳо бояд ба пайғамбарону авлиётҳо бовар кунанд …
Муфассал »Нуба
Нуба, ниг. Куш.
Муфассал »Нубиҳо
Нубиҳо, халқест, ки дар соҳилҳои дарёи Нил, дар шимоли Республикаи Судон, инчунин дар шимолтари сарбанди Асвон зиндагӣ мекунад. Шумораашон 1,7 млн нафар (1978). Як қисми начандон калонн Нубиҳо дар кӯҳҳои Кордофан (Нубиҳои кӯҳистонӣ) маскунанд. Ба забони нубиӣ ва арабӣ гуфтугӯ мекунанд. Диндорон мусулмонони суннимазҳабанд. Нубиҳо авлодони бевоситаи аҳолии Нубияи Куҳан …
Муфассал »Шаҳри Нуакшот
Нуакшот (Nouakchott), шаҳр, пойтахти Мавритания, маркаан иқтисодию мадании мамлакат. Дар соҳили уқёнуси Атлантик воқеъ гаштааст. Иқлимаш тропикии биёбовӣ, ҳарорати миёнаи январи 21° С, июл 28° Соли Боришоти солона 150 мм. Аҳолиаш 145 ҳазор нафар (1979). Нуакшот бандари баҳрист; аэропорт дорад. Саноати хӯрокворӣ, чӯбгарӣ ва ғайра ривоҷ ёфтааст. Инчунин корхонаҳои хурди …
Муфассал »Нуайма Михаил
Нуайма Михаил ибни Юсуф (таваллудаш 22. 11. 1889, Бискинтта, Лубнон), адиб ва мунаққиди араб (Лубнон). Аз оилаи насронии камбағал. Дар мактаби Ҷамъияти императории русию фаластинӣ, Дорулмуаллимини Носира, Семинарияи рӯҳонии Полтава (1906—1911) хондааст. Забон ва адабиёти русро хуб медонад. Соли 1911 бо бародараш ба ШМА рафт. Соли 1916 Университети Вашингтонро бо …
Муфассал »Деҳаи Ноҷӣ
Ноҷӣ, деҳаест дар Совети қишлоқ Мирзо Ризои райони Ҳисори РСС Тоҷикистон Территорияи колхози «Москва». Аз Ноҷӣ то маркаэй Совети қишлоқ 2 км, то район ва стансияи роҳи оҳан Хонақоҳ 19 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 295 нафар (1981), тоҷикону ӯзбекҳо. Мактаби 8-сола дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — вахтакорию ғаллакорӣ. Заминҳо аз …
Муфассал »