Нитратҳои табиӣ, гурӯди минералҳоест, ки намакҳои табиии кислотаи нитрат ҳисоб мешавад. Минералҳои асосии Нитратҳои табиӣ инҳоанд: селитраи натрий NaNO$; селитраи калий KNOs; селитраи аммиак NH4NO3; дарапскит Na3(N03) (SO4) Н20; нитромагнезит Mg(N03)2*6H20; нитрокалсит Ca(NOs)a * 4Н20; нитробарит Ba(N03)2; герхардтит Си (N03) • (ОН)3; ликааит Cu6(N03)2 • (РО)« • (ОН)7.; буттагенбахит Cui9(N03)2 …
Муфассал »Архив Месяца: June 2017
Нитратҳо
Нитратҳо, намакҳои кислотаи нитрат HNOs. Моддаҳои кристаллии беранг; дар ҳаpopати муқаррарӣ устуворанд. Дар ҳарорати баланд бо осонӣ оксигени худро гум карда хосияти оксидкунандагӣ пайдо мекунанд. Масалан, 2KN03 = 2KNOa + 02 Н Дар об нағз ҳал мешаванд. Онҳоро дар натиҷаи ба металлҳо, оксидҳо ва баъзе намакҳо таъсир кардани HNOs, таъсири …
Муфассал »Нитр
Нитр (аз юнонӣ nitron, лотинӣ nitrum, аввалҳо — содаи табиӣ, аз асри 8 — селитра), қисми аввали таркибии истилоҳоти содаи химия, биология ва ғайра, ки ба нитроген мансуб буданро ифода менамояд: масалан, Нитроглисерин, Нитроэфирҳо.
Муфассал »Нит
Нит, (аз лотинӣ niteo — медурахшам), истилоҳи кӯҳна ва аз истифода баромадаи воҳиди дурахшонӣ дар Системаи воҳидҳои байналхалқӣ (Си)—кандела ба м*. Нигаред Кандела.
Муфассал »Нисён
Нисён (ар. с)! -5 — фаромӯшӣ), фаромӯшхотирӣ, суст ё нест шудани қобилияти қабули ҳофиза ва нигоҳ доштану ба ёдовардани хотирот. Нисён се хел мешавад: диемнезия (суст шудани хотира), амнезия (нест шудани хотира) ва парамнезия (фиреби хотира). Ҳангоми диемнезия хотира суст мешавад; кас ахбори ҷорӣ (хусусан ном, рақам ва ғайра)-ро дар …
Муфассал »Нисорӣ
Нисорӣ (тахаллус, номаш Баҳоуддпн Хоҷаҳасан ё Ҳасанхоҷа; 1516, Бухоро —1597, ҳамон ҷо), шоир ва олими тоҷик. Аз оилаи Сайид Подшодхоҷаи адиб. Нисорӣ дар оила савод бароварда, дар муҳити илмию адабии Бухоро ба камол расидааст. Чанд муддат дар Балх, Қазвин, Машҳад, Ҳирот ва дигар шаҳрҳои Осиёи Миёнаю Хуросон таҳсил карда, аксар …
Муфассал »Нисории Тунӣ
Нисории Тунӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1560, Тун), шоири форс-тоҷик. Аз Гунободи Хуросон. Дар ҳамон ҷо хату савод бароварда, барои таҳсил ба шаҳри Тун рафт ва то охири ҳаёт он ҷо монд. Дар илми нуҷум ва ҳайат маҳорати том доштааст. Бештар рубоӣ, қитъа, муаммо ва маснавӣ гуфта, дар сарчашмаҳои …
Муфассал »Нисор Муҳаммади Афғон
Нисор Муҳаммади Афғон (1897, деҳаи Зиддии вилояти Пешовари Покистон — 28. 10. 1937), ҳодими давлатии советӣ, яке аз муборизони фаъоли барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Дар Пешовар, Балуҷистон ва Афғонистон дар ҳаракатҳои озодихоҳӣ иштирок дошт. Соли 1920 бо чанде инқилобчиён ба Тошкент омад ва раияи советӣ шуд. …
Муфассал »Шаҳри Нисо
Нисо шаҳри қадим ва асримиёнагӣ (димнаи он ҳоло дар масофаи 18 километр Шимоли Ғарби шаҳри Ашқобод воқеъ аст). Дар асри 3 то милодӣ— асри 3 милодӣ Нисо аз Шаҳристон (димнаи Нисои Нав, тақрибан 18 га) ва қароргоҳи мустаҳками шоҳи Порт (димнаи Hисои Куҳан, номи қадимиаш Меҳрдодкарт, тақрибан 14 га) иборат …
Муфассал »Нистабати ду адад
Нистабати ду адад, ҳосили тақсимест, ки дар натиҷаи тақсим кардани адади якум ба адади дуюм ҳосил мешавад. Нисбати ду бузургии якҷинса ададеро мемонад, ки ҳангоми бузургии дуюмро чун воҳиди ченкунӣ қабул карда чен намудани бузургии якум ҳосил шудааст. Агар ду бузургӣ тавассути як воҳиди ченкунӣ чен шуда бошанд, Нисбати онҳо …
Муфассал »