Маълумоти охирин
Главная / 2017 / June (страница 2)

Архив Месяца: June 2017

Нишондиҳандаи гидрогенӣ

0

Нишондиҳандаи гидрогенӣ, pH—бузургие, ки консентрасия ё фаъолияти ионҳои гидроген (гид­роксил)-и маҳлулро нишон медиҳад. Нишондиҳандаи гидрогенӣ ба консептрасияи ионҳои гид­роген, ки бо логарифмаи манфӣ ифода ёфтааст (Сн+), ё фаъолияти термодинамикӣ  pH = —LgCH+ ё pH — —Lg«H+. Дар муҳити нейтрали (Н-) – (ОН ) = = 10-7 г. ион/литр яъне pH …

Муфассал »

Нишобураки саркор

0

«Нишобураки саркор» гӯшаест дар таркиби «Дувоздаҳмақом». Ҳамроҳи гӯшаи «Наҳовандак» ба шӯъбаи «Дугоҳ» ва мақоми «Ҳусайнӣ» дохил мешавад. Мансуби зарби «Мухаммас».

Муфассал »

Нишобурак

0

«Нишобурак» шӯъбаест дар таркиби «Дувоздаҳмақом». Ҳамроҳи шӯъбаи «Найрез» ба мақоми «Исфаҳон» дохил шуда, гӯшаҳои «Ироқ» ва «Зеркаши ховарон»-ро дарбар мегирад. Мансуби «Зарби қа­дим».

Муфассал »

Деҳаи Ниширён

0

Ниширён, деҳаест дар Совети қишлоқ Навдии райони Ғарми РСС Тоҷикистон. Территорияи совхози «50-солагии Тоҷикистон». Аз Нишизён то маркази Совети кишлоқ 2 километр, то район 4 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 385 нафар (1982), тоҷикон. Соҳаи асосии хоҷагй — боғдорӣ. Сокинони деҳа аз оби чашмаҳо истифода мебаранд.

Муфассал »

Нишасти нарм

0

Нишасти нарм, чунин нишасти аппарати париши кайҳониро меноманд, ки дар вақти он суръати аппарат дар лаҳзаи расиш ба сатҳи саиёра ва ё дигар ҷирмҳои осмонӣ камтарин (дар ҳолати идеалӣ — сифр) аст. Нишасти нарм бояд бутунии конструксияю системаҳои аппарат ва имконпазирии кори минбаъдаи онро таъмин намояд. Дар сайёраҳои атмосферадор Нишастии …

Муфассал »

Нишалло

0

Нишалло, як навъ ширина. Тай­ер намудани Нишалло аз якчанд амалиёт иборат аст: аввал бехро майда карда ба зарфи обдор меандозанд ва 20-30 дақиқа меҷӯшонанд, баъд дар деги мис аз шакару об қиём мепазанд. Оби бехро ба деги равғаннарасида андохта, бо чилчӯб мезананд. Баъди пайдо шудани кафк сафедаи тухмро низ ҳамроҳ …

Муфассал »

Нисше Фридрих

0

Нисше Фридрих (15. 10. 1844, Рёккен, наздикии Лютсен, Саксо­ния— 25. 8. 1900, Веймар), файласуфи немис, намояндаи иррасиона­лизм ва волюнтаризм, шоир. Дар университетҳои Бонн ва Лейпсиг таҳсил кардааст. Солҳои 1869—79 профессори фи- лологияи классикии университети Базел. Ақидаҳои Нисше дар давраи гузариши капитализм ба зинаи охирини худ — империализм ташаккул ёфтааст. Таълимоти …

Муфассал »

Шаҳри Нисса

0

Нисса (Nice), шаҳр ва бандарест дар ҷануби Франсия, дар соҳили баҳри Миёназамин. Маркази маъмурии департаменти Алпҳои Наздибаҳр. Узели муҳимми роҳҳои нақлиёт. Маркази калони курорт ва туризми Европаи Ғарбӣ. Аҳолиаш 322,4 ҳазор нафар(1968). Корхонаҳои саноати атриёт, бофандагӣ, дӯзандагӣ, мебел,  хӯрокворӣ, электротехникӣ ва ғайра мавҷуданд. Дар атрофи шаҳр гулпарварӣ ва мевапарварӣ ривоҷ …

Муфассал »

Нифос

0

Нифос (ар. — тозашавӣ баъд аз зоиш), хунест, ки дар вақти валодати бача ва баъд аз он дафъ мегардад.

Муфассал »

Нитроэфирҳо

0

Нитроэфирҳо, эфирҳои мурак­каби кислотаи нитрату спиртҳо, ки дар молекулаашон як ё якчанд гурӯҳи нитрати (—ON02) бо атоми карбон пайваст шуда доранд. Масалан, алкилнитратҳо, нитрати спиртҳои дуатома, нитратҳои глисерин, нитра­ти селлюлоза ва ғайра.  Нитроэфирҳо вобаста ба шумораи гурӯҳҳои нитратии таркибашон ба моно-, ди- ва полинитроэфирҳо чудо мешаванд. Нитроэфирҳоро дар саноат бо …

Муфассал »