Маълумоти охирин
Главная / 2017 / June / 05 (страница 2)

Архивы за день : 05.06.2017

Деҳаи Ниширён

0

Ниширён, деҳаест дар Совети қишлоқ Навдии райони Ғарми РСС Тоҷикистон. Территорияи совхози «50-солагии Тоҷикистон». Аз Нишизён то маркази Совети кишлоқ 2 километр, то район 4 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 385 нафар (1982), тоҷикон. Соҳаи асосии хоҷагй — боғдорӣ. Сокинони деҳа аз оби чашмаҳо истифода мебаранд.

Муфассал »

Нишасти нарм

0

Нишасти нарм, чунин нишасти аппарати париши кайҳониро меноманд, ки дар вақти он суръати аппарат дар лаҳзаи расиш ба сатҳи саиёра ва ё дигар ҷирмҳои осмонӣ камтарин (дар ҳолати идеалӣ — сифр) аст. Нишасти нарм бояд бутунии конструксияю системаҳои аппарат ва имконпазирии кори минбаъдаи онро таъмин намояд. Дар сайёраҳои атмосферадор Нишастии …

Муфассал »

Нишалло

0

Нишалло, як навъ ширина. Тай­ер намудани Нишалло аз якчанд амалиёт иборат аст: аввал бехро майда карда ба зарфи обдор меандозанд ва 20-30 дақиқа меҷӯшонанд, баъд дар деги мис аз шакару об қиём мепазанд. Оби бехро ба деги равғаннарасида андохта, бо чилчӯб мезананд. Баъди пайдо шудани кафк сафедаи тухмро низ ҳамроҳ …

Муфассал »

Нисше Фридрих

0

Нисше Фридрих (15. 10. 1844, Рёккен, наздикии Лютсен, Саксо­ния— 25. 8. 1900, Веймар), файласуфи немис, намояндаи иррасиона­лизм ва волюнтаризм, шоир. Дар университетҳои Бонн ва Лейпсиг таҳсил кардааст. Солҳои 1869—79 профессори фи- лологияи классикии университети Базел. Ақидаҳои Нисше дар давраи гузариши капитализм ба зинаи охирини худ — империализм ташаккул ёфтааст. Таълимоти …

Муфассал »

Шаҳри Нисса

0

Нисса (Nice), шаҳр ва бандарест дар ҷануби Франсия, дар соҳили баҳри Миёназамин. Маркази маъмурии департаменти Алпҳои Наздибаҳр. Узели муҳимми роҳҳои нақлиёт. Маркази калони курорт ва туризми Европаи Ғарбӣ. Аҳолиаш 322,4 ҳазор нафар(1968). Корхонаҳои саноати атриёт, бофандагӣ, дӯзандагӣ, мебел,  хӯрокворӣ, электротехникӣ ва ғайра мавҷуданд. Дар атрофи шаҳр гулпарварӣ ва мевапарварӣ ривоҷ …

Муфассал »

Нифос

0

Нифос (ар. — тозашавӣ баъд аз зоиш), хунест, ки дар вақти валодати бача ва баъд аз он дафъ мегардад.

Муфассал »

Нитроэфирҳо

0

Нитроэфирҳо, эфирҳои мурак­каби кислотаи нитрату спиртҳо, ки дар молекулаашон як ё якчанд гурӯҳи нитрати (—ON02) бо атоми карбон пайваст шуда доранд. Масалан, алкилнитратҳо, нитрати спиртҳои дуатома, нитратҳои глисерин, нитра­ти селлюлоза ва ғайра.  Нитроэфирҳо вобаста ба шумораи гурӯҳҳои нитратии таркибашон ба моно-, ди- ва полинитроэфирҳо чудо мешаванд. Нитроэфирҳоро дар саноат бо …

Муфассал »

Нитрофоска

0

Нитрофоска, нурин минералии мураккаби нитроген, фосфор ва калийдор. 35—52% N, PjO| ва К20 до­рад. Бо роҳи бо омехтаи кислотаи нитрату фосфат (дар омехтагии ам­миак ва хлориди калий) вайрон кардани аппатит ё фосфорит ҳосил мекунанд. Нитрофоска аз пресипитат, аммо­фос ва селитраи аммиакӣ иборат бу­да, ҳамчун нурии асосӣ барои ҳама гуна зироат …

Муфассал »

Нитрофос

0

Нитрофос, нитрофосфат, нурии мураккаби минералии нитрогену фосфордор. Ба ҳисоби миёна 38% N ва Ра об дорад. Бо роҳи бо омехтаи кислотаҳои нитрату сулфат ё нитрату фосфат вайрон намудани апатит ё фосфорит ва мунтазам аммононии моддаҳои ба реаксия дохилшаванда ҳосил менамояод. Нитрофос аз пресипитат, омехтаи селитраи ам­миакию гипс ё пресипитат, аммофос …

Муфассал »

Нитропайвастҳо

0

Нитропайвастҳо, пайвастҳои органикие, ки дар молекулаашон як ё якчанд нитрогурӯҳи (—NOj) бо атомҳои карбон пайваст доранд. Мо­но-, ди- три- ва полинитропайвастҳоро фарқ мекунанд. Нитропайвастҳо алифатӣ (нитропарафинҳо ва нитроолефинҳо), ароматӣ (нитроанилинҳо, нит­робензол, нитротолуол, нитронафта­лин ва ғайра), ароматию алифатӣ (дар занҷири алифатии паҳлуиашон нитрогурӯҳ доранд, масалан, фенилнитрометан СвНвСНгМОг, нитростирол С*Н*— —CH=CHNOj ва …

Муфассал »