Назарияҳои технократӣ яке аз равияҳои Назарияи технологӣ буда, дар корхонаҳои капиталистӣ ва умуман дар истеҳсолот аз соҳибон — капиталистон ба дасти зиёиёни инженерию техникӣ (технократия) гузаштани идоракунӣ ва ҳокимиятро талқин мекунанд. Назарияҳои технократӣ далелҳои зимни инқилоби илмию техникӣ баланд шудани мақоми илм ва мутахассисонро дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ таҳрифкорона ба қалам …
Муфассал »Архив Месяца: May 2017
Назарияҳои технологӣ
Назарияҳои технологӣ, яке аз равияҳои афкори иҷтимоию иқтисодии мамлакатҳои мутараққии питалистӣ дар давраи бӯҳрони куллии капитализм ва инқилоби илмию техникӣ. Ба Назарияи технологӣ детерминизми технологӣ — омили асосӣ будани техникаю истеҳсолотро дар тарақии ҷамъият эътироф кардан ва инкори мақоми муносибатҳои истеҳсолӣ дар тезутунд шудани зиддиятҳои сохти ҷамъиятии капиталистӣ хос аст. …
Муфассал »Назарияҳои капитализми танзимпазир
Назарияҳои капитализми танзимпазир, маҷмӯи таълимоти буржуазӣ, ислоҳотчигӣ ва ревизиониеот, ки дар асоси танзими давлатии монополистӣ бартарафпазир будани зиддиятҳои антогонистии такрористеҳсоли капиталистиро талқин мекунад; дар осори иқтисодшиноси англис Ҷон Кейнс (1883—1946) ва пайравони ӯ (Р. Харрод, Н. Калдор) асоснок карда шудаанд. Мақсади асосии онҳо (ба истилоҳ кейнсигарӣ) таъмини талаботи «самаранок» ва …
Муфассал »Назарияи эҳтимолият
Назарияи эҳтимолият, илми математикиест, ки қонуниятҳои ҳо- дисаҳои тасодуфиро меомӯзад. Бо ёрии вай аз рӯи эҳтимолияти як ҳодисаи тасодуфи эҳтимолияти дигар ҳодисаи тасодуфиеро ёфтан мумкин аст, ки бо ҳодисаи аввал ягон робитае дорад. Маънои математикии мафҳуми эҳтимолият инъикоси қонуниятҳои объективии устуворияти статистикии басомади ҳодисаҳо мебошад, ки онро чунин шарҳ додан …
Муфассал »Назарияи электронӣ
Назарияи классики (ғайриквантӣ)-и про- сессҳои электромагнитиро гӯянд, ки ба тасаввуроте дар бораи аз зарраҳои электрии заряднок (злектронҳо ва ядроҳои атомӣ) таркиб ёфтани моддаҳо асос ёфтааст. Асоси Назарияи электрониро муодилаҳои Максвелл—Лоренс ташкил медиҳанд, ки онҳоро охири асри 19 X. А. Лорентс тартиб дода буд. Ин муодилаҳо дар натиҷаи таъмими муодилаҳои макроскопии …
Муфассал »Назарияи шабоҳат
Назарияи шабоҳат, таълимотест дар бораи шартҳои шабоҳати ҳо- дисаҳои физикӣ. Назарияи шабоҳат ба таълимоти андозанокии бузургиҳои физики такя мекунад ва асоси моделеозии физикиро ташкил медиҳад. Вазифаи Назарияи шабоҳат муқаррар намудани меъёрҳои шабоҳати ҳодисаҳои физикии гуногун ва дар асоси ин меъёрҳо омӯхтани хосияти худи ҳодисаҳо аст. Шабоҳати физики таъмими мафҳуми шабоҳати …
Муфассал »Назарияи чандирӣн
Назарияи чандирӣн як қисми механикаро гӯянд, ки деформатсия- ҳои чандири дар ҷисми сахт аз таъсири қувваҳои беруна, аз тафсиш ва дигар нуфузот баамаломадаро меомӯзад. Назарияи чандирӣ асоси илмии ҳисобу китоби мустаҳкамӣ ва устувории қисмҳои мошину иншоот ба ҳисоб меравад. Усулҳои Назарияи чандирӣ дар сейсмология (аз рӯи натиҷаҳои паҳноиши мавҷҳои чапдир …
Муфассал »Назарияи хромосомии ирсият
Назарияи хромосомии ирсият, назарияи аз насл ба насл гузаш- тани аломатҳо ба воситаи хромосома, ки аввали асри 20 ба вуҷуд омад Бино ба фарзияе, ки соли 1902 олими америкоӣ У. Сеттон ва олими немис Т. Бовери пешниҳод карданд, генҳо дар хромосомаҳо ҷои муайян доранд. Минбаъд Назарияи хромосомии ирсият дар асарҳои …
Муфассал »Назарияи хатоҳо
Назарияи хатоҳо, як фасли статистикаи математикист, ки ба ин- тихоби қиматҳои саҳеҳи бузургиҳои тақрибӣ, инчунин ҳисоб кардани хатои андозагириҳо машғул аст. Ҳангоми такроран чен кардани ҳамон як бузургӣ, одатан натиҷаҳои гуногун ҳосил мешаванд, зеро ҳар як андозагирӣ хатои муайяне хоҳад дошт. 3 намуди асосии хатоҳо: системавӣ, дағал ва тасодуфӣ мавҷуданд. …
Муфассал »Назарияи функсияҳои тағйирёбандааш комплексӣ
Назарияи функсияҳои тағйирёбандааш комплексӣ, як фасли назарияи функсияҳост, ки ба тадқиқи хосиятҳои функсияҳои тағйирёбандааш комплексӣ оид аст. Муфассалтар ниг. Функсияҳои таҳлилӣ.
Муфассал »