Маълумоти охирин
Главная / 2017 / May (страница 42)

Архив Месяца: May 2017

Найзадумҳо

2

Найзадумҳо (Xiphosura) як гурӯҳи ҳайвонҳои буғумпои баҳриро гӯянд, ки аз синфи меростомаҳо буда, бештари онҳо замонҳои қадим нобуд шудаанд. Бадани Найзадумҳо паҳн (дарозиаш то 90 см) буда, аз ду қисм (сарсива ва шикам) иборат аст. Дар қисми сарсива 6 ҷуфт пой доштанд, ки вазифаи ҳаракат, доштан ва майда кардани хӯрокро …

Муфассал »

Наӣза

2

Н а и з а г ӣ (дар санъати ороишию амалӣ), навъи нақш. Дар ороиши сутунҳои асосашон бисёрқирраи чӯбину сангӣ, зарфҳои филизию сафолӣ ба кор мебаранд. Якчанд навъ дорад: «Найзаи барг», «Найзаи гул», «Найзаи мадохил» ва ғайра, ки нӯгашон мисли найза тез буда, бештар дар кандакорӣ вомехӯранд.

Муфассал »

Найза

2

Найза: 1) олати чӯбӣ ё фулузии дарози суфта, ки ба нӯкаш теғи бо- рики фӯлодӣ шинонда, дар шикор ё ҷанг истифода бурда мешуд. Дар давраи палеолит ихтироъ гардидааст. Найза дар ибтидо калтаки нӯктез буда (дарозиаш аз 1,5 то 5 м), дертар одамон ба нӯкаш пайкон (дар асри санг — сангӣ, …

Муфассал »

Найду Сароҷини

2

Найду Сароҷини (13.02.1879, Ҳайдаробод — 02. 03. 1949, Лакҳнав), шоири ҳинду, иштирокчии ҳаракати миллии озодихоҳӣ. Аа оилаи бараҳман. Дар коллеҷҳои Лондон ва Кембриҷ тахсил кардааст. Ба забони англисӣ шеър менавишт. Найду дар қадамҳои аввалини эҷодӣ дар пайравии шоиронӣ бузурги англис, махсусан, намояндагони ҷараёни романтикии он шеър гуфтааст. Дар шеърҳои ин …

Муфассал »

Деҳаи Найдара

Найдара деҳаест дар Совети қишлоқ Эскигузари pайони Орҷоникидзеободи РСС Тоҷикистон. Территория колхози ба номи К. Исмои- лов. Аҳолиаш 225 нафар (1982), тоҷикон. Аз Найдара то маркази Совети қишлоқ 10 км; роҳаш асфалтпӯш. Деҳа мактаби миёна дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ—пахтакорӣ. Заминҳо ба воситаи насос аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Най бар сари чашма

2

 1) оҳанг, суруди маросимии наврӯзист, ки дар асрҳои 5—6 тасниф шудааст. 2) Шӯъбаи овозӣ дар «Ҳаштмақом» ва «Понздаҳмақом». 3) Гӯшаи иловагии мусиқӣ дар қисматҳои созии шӯъбаҳои «Наврӯзи Бузург», «Наврӯзи Араб», «Наврӯзи хоро», ки то асрҳои 15—16 маъмул буд. Чун гӯшаи алҳидаи мусиқи дар «Дувоздаҳмақом» амал надорад.

Муфассал »

Най бар сари кисро

2

1) оҳанг, суруди маросимии наврӯзист. Аз таснифоти Борбади Марвӣ. 2) Шӯъбаи овозӣ дар «Понздаҳмақом» (мақоми «Дугоҳи сарф»). 3) Гӯшаи созӣ дар таркиби шӯъбаҳои «Бастанигор» ва «Наврӯзи хоро» («Дувоздаҳмақом»), ки барои пурратар шудани қисмати созии ин шӯъбаҳо истифода мешудааст.

Муфассал »

Най бар сари баҳор

2

1) оҳанг суруди маросимии наврӯзист. 2) Шӯъбаи созӣ дар «Ҳаштмақом». 3) Гӯшаи созӣ дар таркиби шӯъбаҳои «Наврӯзи сабо» ва «Наврӯзи Аҷам», ки то асрҳои 15—16 ба таври алоҳида иҷро мешудааст.

Муфассал »

Най

2

1) найшакари худрӯй, қалам (Saccharum spontaneum), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи хӯшаиҳо. Баландиаш 100—200 см, пояаш ғафс (диаметраш 5—7 мм), сахт, баргаш борики тасмашакл (бараш 2—4 мм), хӯшагулаш туғшакл (дарозиаш 25—50 см), пулакчаи гулаш сафедча (дарозиаш то 1 мм). Моҳҳои май — июл гул карда, июл — сентҳои мебандад. Найзор дар …

Муфассал »

Найсози

2

Найсози мусиқии нафа­сӣ. Най аз қамиш ё бамбук сохта шуда, одатан, ҳафт буғумчӯби онро дар бар гирифта, ҳафт сурохии асосӣ до­рад, ки ба яке аз онҳо пуф карда овоз мебароранд. Аз рӯи сохт ва тарзи навохтан ба якчанд навъ ҷудо мешавад. Агар аз чӯб созанд, наи чӯбин, аз мис бошад, …

Муфассал »