Наркоз (аз юн. narkosis — беҳис шудан, карахтшавӣ), хоби бо роҳи сунъӣ барангехтаест, ки кас пурра ё қисман беҳуш гашта, дардро ҳис намекунад. Наркозро ҳангоми ҷарроҳӣ барои рафъи дард (анестезия) истифода мебаранд. Наркоз ингалятсионӣ, ғайриингалятсионӣ ва омехта мешавад. Хангоми Наркози ингалятсионӣ эфир, хлороформ, хлорэтил, оксиди нитрогон (I), тсиклопропан, фторотан ва …
Муфассал »Архив Месяца: May 2017
Наримонов Наримон
Наримонов Наримон Корбалай Наҷаф ӯғлӣ (14. 4. 1870, Тбилиси,—3. 1925, Москва], ҳодими давлатӣ ва партиявии советӣ, навасанда, публитсист. Аз оилаи савдогари майда. Аъзои Партияи Коммунистӣ аз соли 1905. Семинарияи муаллимии Гори (1890) ва факултети тиббии Университети Новороссийскро (Одесса, 1908) хатм кард. Дар Боку, Тбилиси муаллим ва баъдтар дар ин шаҳрҳо …
Муфассал »Наримон
Наримон, Найрам (дар забони авестоӣ нара маинйуш — нарандеш, марди диловар, паҳлавон), яке аз қаҳрамонони ҳамосаи қадимии мардуми эронинажод, аз силсилаи паҳлавонони Систон. Аз рўи баъзе ривоятҳо Наримон писар, дар ривоятҳои дигар бародари Гаршосп аст. Дар осори пешазисломӣ, дар порчаҳои суғдии то замони мо омада номи Наримон дар баробари Сому …
Муфассал »Қаторкӯҳи Нарим
Нарим (қаторкӯҳи Нарим), қаторкӯҳест дар Олтои Ҷанубӣ, дар вилояти Қазоқистони Шарқии РСС Қазоқистон. Баландиаш то 2533 метр. Тӯлаш 120 км. Аз регсанг, конгломерат, варақсанг ва туфсангҳои палеозой, инчунин интрузияҳои гранитӣ таркиб ёфтааст. Нишебии рости шимолиашро то баландии 1300 метр бешаҳои тӯс, аз он болотарашро бешаҳои шарбин ва водиҳоро бешаҳои коҷу …
Муфассал »Нарзуллоев Бахрулло Нарзуллоевич
Нарзуллоев Бахрулло Нарзуллоевич (таваллуд. 02. 05. 1927, Самарканд — 17.6.1982, Душанбе), физики советӣ, Ҳодими Хиаматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон. (1977), доктори илмҳои физика ва математика (1969), профессор. (1970). Аъзои КПСС аз соли 1958. Университети давлатии Самарқандро (1948) хатм кардааст. Солҳои 1954—55 ҳодими калони илмии Институти сохтмонии зилзилабардор ва сейсмологияи АФ РСС …
Муфассал »Нарзиқулов Мудаммадқул
Нарзиқулов Мудаммадқул (таваллуд. 10. 7. 1914, Самарканд), энтомологи советӣ, академики АФ РСС Тоҷикистн. (1966; аъзо-корреспондент.1957), Ҳодими Хизматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон. (1980). Аъзои КПСС аз соли 1944. Доктори илмҳои биология (1958), профессор(1961). Университети давлатии Узбекистонро (1937) хатм кардааст. Аспирант (1937—40) ва ассистенти университети мазкур (1938— 41); ҳодими хурди илмии филиали тоҷикистонии …
Муфассал »Нарзиқулов Ибодулло Қосимович
Нарзиқулов Ибодулло Қосимович (12. И. 1909, 1973. Душанбе), Самарқанд — 3. 4. иқтисодчии советӣ, акад. АФ РСС Тоҷикистон (1953), Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон (1964). Аъзои КПСС аз соли 1931. Мактаби олии техникии (ВТУЗ) Ленинград (1931) ва Институти индустриалии Ленинградро (1935) хатм кардааст. Солҳои 1935—37 иқтисодчии Госплан, 1937—38 иқтисодчии грестинони …
Муфассал »Нарзибеков Маҳмудбек
Нарзибеков Маҳмудбек (таваллуд 7. 11. 1919, деҳаи Ворухи райони Исфара, вилояти Ленинобод), ходими давлатии советӣ. Аъзои КПСС аз с. 1945. Институти педагогии ш. Душанберо хатм кардааст (1941). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941— 45). Солҳои 1945— 46 ҷонишини мудири шӯъбаи Комиссариати халқии РСС Тоҷикистон оид ба корҳои хориҷӣ, 1946—47 ҷонишини мудир, …
Муфассал »Нардсунбулиҳо
Нардсунбулиҳо (Valerianacc- ае), оилаи гиёҳҳои дупаллагӣ, алафй, нимбутта ё бутта. Баргҳои рӯ ба рўи яклухт, сетоӣ ё серчок, гули дуҷинса ё ҷудоҷинса ва гултӯдаи мураккаб доранд. Гинетсеяшон аз 3 мевабарг иборат аст. Зиёда аэ 420 намуд, ки ба 13 ҷинс мансуб аст, дар минтақаҳои мӯътадили Евросиё, Африка, Америка мерӯяд. Дар …
Муфассал »Нардсунбул
Нардсунбул сунбули румӣ, валериана (Valeriana), ҷинси гиёҳҳои бисёрсолаест аз оилаи нардсунбулҳо. Барги яклухту сетоӣ 6 парра-парра чока, гули майдаи қифшакли сафед ё гулобй дорад. Зиёда ап 200 намудаш асосан дар кўҳҳои Анди Америкаи Ҷанубӣ ва Евросиё паҳн шудааст. Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ қариб 30 намуди Нардсунбул месабзад. Дар байни онҳо бештар …
Муфассал »