Неш, узви нӯгтези модинаи пардаболҳо аз асрқатори Aculeata. Неш дар интиҳои шикам воқеъ аст. Ҳангоми оромӣ он дар охири шикам дар ғилофаки махсус ҷойгир буда, дар вақти таҳдиди хатар ё ҳамлаорӣ ба сайд аз ғилофак берун меояд ва ба бадани душман ё сайд мехалад. Дар ин маврид ба воситаи сӯрохи …
Муфассал »Архивы за день : 29.05.2017
Нёчкина Милитса Василевна
Нёчкина Милитса Василевна (таваллудаш 25. 02. 1901, Нежин, ҳозира вилояти Чернигови РССУ), муаррихи советӣ, акад. АФ ОССР (1958), аъзои ҳақиқи АИП СССР (1966). Соли 1921 факултети таъриху филологияи Университети Қазонро хатм кардааст. Нёчкина солҳои 1924—1927 ходими илмии Ассотсиасияи тадқиқоти илмии фанҳои ҷамъиятии Россия (РАНИОН), дар як вақт муаллими Университети Москва …
Муфассал »Нехода Иван Иванович
Нехода Иван Иванович (06. 06. 1910, деҳаи Алексеевкаи ҳозира райони Валковскии вилояти Харков—17. 10. 1963, Киев), нависандаи советии украин. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1942. Институти маорифи халқ» Харков (1932) ва факултети стсенарии Институти умумииттифоқии кинематографияро (1939) хатм кардааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Асарҳояш аз соли 1925 нашр …
Муфассал »Газета «Нефтяник Таджикистана»
«Нефтяник Таджикистана», газета, органи ташкилоти партиявӣ, иттифоқи касаба ва маъмурияти идораи «Точикнефт»-и Вазорати саноати нефтистеҳсолкунии СССР. Аз июли 1968 то декабри 1969 бо тиражи 1500 нусха ҳафтае 1 маротиба ба забони русӣ нашр мешуд.
Муфассал »Посёлкаи Нефтяник
Нефтяник, посёлкаи коргарӣ дар Совети қишлоқи Роҳатии pайони Ленини РСС Тоҷикистон. Дар 14-ум км-и роҳи автомобилгарди Душанбе — Орҷоникидзеобод воқеъ гаштааст. Аз посёлка то маркази Совети қишлоқ 2 км, то район 31 км. Аҳолиаш 1172 нафар (1981), русҳо, тоҷикон ва ғайра Посёлка мактаби миёна, клуб, поликлиника, дорухона, шӯьбаи алоқа, касса …
Муфассал »Посёлкаи Нефтобод
Нефтобод, посёлкаи типи шаҳрӣ (аз 28 ноябри 1938) дар pайони Ис- фараи вилояти Ленинобод. Аз Нефтобод то маркази район 12 км. Аҳолиаш 3872 нафар (1981), тоҷикон, ӯзбекҳо ва ғайраҳо Посёлка мактаби миёна, омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ, клуб, боғчаи бачаҳо, 2 ошхона, шӯъбаи алоқа ва муассисаҳои хизмати маишӣ дорад. Нефтобод ба муносибати …
Муфассал »Нефтепровод
Нефтепровод, комплекси иншоот барои интиқоли нефт ва маҳсулоти коркарди он аз ҷои истеҳсол то мавқеи истеъмол ё мавқеи ҳамл тавассути нақлиёти роҳи оҳан ё нақлиёти обӣ. Нефтепровод аз ғулбаҳои зеризаминию зериобӣ, стансияҳои насосии нефткашӣ (асосӣ ва мобайнӣ), анборҳои нефт, иншооти хаттӣ ва ёрирасон иборат аст. нефтепроводҳои конҳо, заводҳо, базаҳои нефт …
Муфассал »Шаҳри Нефтекамск
Нефтекамск, шаҳрест дар РАСС Бошқ. Маркази райони Краснокамск. 8 км дуртар аз деҳаи Кама воқеъ аст. Шохаи роҳи оҳан Нефтекамскро бо ст. Амзя (дар хати Назон—Свердловск) мепайвандад. Аҳолиаш 66 ҳазор нафар (1978). Комбинати чарми сунъӣ, заводҳои маснуоти оҳану бетонӣ, автосамосвал, шир, пиво, комбинати гӯшт дорад. Саноати ҷангал ва химияи ҷангал …
Муфассал »Нефт
Нефт, нафт, моеи равғанмонанди сӯзандаест, ки бӯи махсус дорад ва дар қабати таҳшинии замин паҳн шудааст. Яке аз муҳимтарин сарватҳои табиӣ мебошад. Якҷоя бо карбогидридҳои газшакл, одатан, дар чуқурии зиёда аз 1,2—2 км ҳосил мешавад. Дар рӯи замин ба моеи ғализ ё моддаи сахт (асфалт) табдил меёбад. Маълумоти умумӣ, таркиби …
Муфассал »Нефротом
Нефротом, ниг. Мезодерма.
Муфассал »