Маълумоти охирин
Главная / 2017 / May / 20 (страница 2)

Архивы за день : 20.05.2017

Натанс Даниель

0

Натанс Даниель (таваллуд 30.10. 1928, Уилмингтон, ШМА), духтури америкоӣ, доктори тиб (1954). Соли 1950 Университети штати Делаверро хатм кар­дааст. Аз соли 1972 директори шуъбаи микробиологияи факултетити тиббии Университети Ҷон Гопкинс мебошад. Дар бадали якчанд сол вируси маймун sv 40-ро тадқиқ намуд, ки он дар приматҳо ва одам ҳуҷайраҳои омоси хавфнок …

Муфассал »

Насх

0

Насх (ар. нусхабардорӣ, рӯйнавискунӣ), як навъи хати арабист. Дар асри 9 ва аввали асри 10 аз хатҳои муҳаққақ ва сулс ба вуҷуд омадааст. Дар такмилн Насх хизмати Ибни Муқла ва бародараш Абдуллоҳ бузург аст. Насх аз ҷиҳати осонхонӣ дар байни тамоми навъҳои хати арабӣ дар ҷои аввал меистод. Баробари ба …

Муфассал »

Настурия

0

Настурия, як ҷараёни дину илоҳиёти насронист, ки дар асри 5 дар Ви­зантия ба вуҷуд омадааст. Асосгузори Настурия патриарх (битриқ)-и Қустантания (428—31) Несторий буд. Ба қавли Несторий, Марьям Исоро бо сурати одами зоидааст, вале баъд ӯ майлу шавқи одамиро бартараф кар­да, сифатҳои худоӣ пайдо намудааст. Аз ин рӯ, дар ниҳоди Исо …

Муфассал »

Настуран

0

Настуран (аз юн. nastos —зичшуда ва лотинӣ uranium — уран), ми­нерал, як навъи уранинит.

Муфассал »

Насри ушшоқ

«Насри ушшоқ» яке аз қисматҳои таронавии «Шашмақом», ки дар шуъбаи якуми мақоми «Рост» (дар ҷои нуҳум) амал дорад. Оҳанги таъсирбахшу рӯҳафзо дошта, бар ғазали машҳури Ҳофизи Шерозӣ «Агар он турки шерозӣ…» тасниф шудааст нисбат медиҳанд. Сараввал шикастаи  Н. хеле содда ва осонхон буд ва фақат бо чанд ҳарфи шикастааш мисли …

Муфассал »

Насри Тоир

Насри Тоир (ар.   каргаси паррон, русиаш Альтаир, лотинӣ А1-lair), ситораи бурҷи Уқоб. Қадри ситоравии зоҳириаш 0,8. Равшаноиаш аз равшаноии Офтоб 9 маротиба зиёд аст, аз Офтоб дар масофаи 5 парсек воқеъ гардидааст.

Муфассал »

Насри Воқеъ

Насри Воқеъ (ар. — каргаси афтон, русиаш Вега, лотинӣ Wega), ситораи қадри аввали бурҷӣ Лира (Санҷ) аст, ки равшаноиаш аз равшаноии Офтоб 50 маротиба зиёд мебошад. Масофа то ба Офтоб 8 пар­сек. Насри воқеъ яке аз муниртарин ситораҳои Нимкураи шимолии осмон ҳисоб меёбад.

Муфассал »

Наср Ибни Сайёр

Наср Ибни Сайёр (соли таваллуд ва вафот номаълум), яке аз ҳокимони араб дар вилояти Хуро­сон. Наср ибни Сайёр ҳокими Хуросон (738) таъин шуда, то соли 748 барои мустаҳкам намудани ҳокимияти Умавиён кӯшид. С-олҳои 738—741 дар музофотҳои миёноби дарёҳои Ому ва Зарафшон, дар Чоч (Тошкент), Фороб ва Фарғона ҷангида, медалҳои ба …

Муфассал »

Наср Ибни Мухаммад ибни Аҳмад

Наср Ибни Мухаммад ибни Аҳмад ибни Иброҳим Абулайси Самарқандӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1003, Самарқанд), фақуҳи маъруфи форс-тоҷик. Дар давраи илмию адабии Самарқанд ба камол расид. Асарҳои машҳури ӯ: «Хизонат-ул-фиқҳ» («Хазинаи фиқҳ»), «Тафсил-ул-Қуръон» («Тафсили Қуръон») иборат аз 4 ҷилд, «Ан-навозил» («Воқеот») оид ба фатво, «Китобу мухталиф-ир-ривоя» («Китоби ривоятҳои гуногун»), …

Муфассал »

Наср Ибни Аҳмад ибни Исмоил

Наср Ибни Аҳмад  ибни Исмоил (Насри II, соли таваллуд тахминан 906 — вафот 943), ҳокими давлати Со­мониён. Азбаски Наср ибни Аҳмад ҳанӯз ноболиғ буд, давлатро аз номи ӯ аввал вазир Абӯабдуллоҳи Ҷайҳонӣ, сони вазир Абулфазли Балъамӣ идора мекарданд. Дар ин давра барои тахту тоҷ дар байни аъзоёни сулолаи Со­мониён задухӯрдҳои …

Муфассал »