Маълумоти охирин

Архивы за день : 11.05.2017

Шаҳри Нагоя

2

Нагоя, шаҳр ва бандар дар Япо­ния. Дар қисми марказии ҷазираи Хон­сю, дар делтаи д. Кисо воқеъ гаштааст. Маркази маъмурии префектураи Аити. Аҳолиаш 2083 ҳазор нафар (1975). Нагоя яке аз калонтарин узелҳои нақлиёт ва марказҳои саноату молия, тиҷорату маданияти мамлакат. Дар Нагоя қариб 10% махсулоти саноатии мамлакат истеҳсол карда мешавад. Дар …

Муфассал »

Нагибин Яков Дмитриевич

2

Нагибин Яков Дмитриевич (таваллудаш 6. 10. 1898, деҳаи Сергиополски вилояти Семиреченск, ҳозира pайони Аяузи вилояти Семипалатин­ски РСС Қазоқистон), агроном-селексио­нер, доктори илмҳои хоҷагии қишлоқ (1944), профессор (1944). Солиӣ1925 Университети давла­тии Осиёи Миёнаро хатм кард. Солҳои 1925—1929       ходими илмӣ, мудири шуъба, директор оид ба корҳои илмии Стансияи марказии селексионӣ (ҳоло Институти селексияи …

Муфассал »

Нагасаки

2

Нагасаки, шащр, бандари калони тиыоратию пассажирии Япония, дар қисми ғарбии ҷазираи Кюсю. Мар­кази маъмурии префектураи Нага­саки. Аҳолиаш 448 ҳазор нафар (1975). Маркази калони киштисозӣ ва таъмири он. Баробари мошиисозӣ, саноати хӯрокворӣ (аз ҷумла моҳию консерв), металлургия, бофандагӣ, нефту химия, чӯббурӣ низ ривоҷ ёфтааст. Анбори нефт, заводи газ дорад. Нагасаки— базаи …

Муфассал »

Наган

2

Наган, тапончае, ки аслиҳасози белгиягӣ Наган (Nagant) охири асри 19 ихтироъ кардааст. Дар армияҳои Россия, Шветсия, Австрия—Венгрия ва ғайра маъмул буд. Дар Армияи Сурх то Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) Нагани намунаи соли 1895 (калибраш 7,62 мм, масофати тирпарониаш то 100 м, ғуичоиши тирдонаш 7 тир) истифода мешуд.

Муфассал »

Деҳаи Навҷавон

2

Навҷавон, деҳаест дар Совети қишлоқи Меҳнатободи райони Коммунисти, вилояти Қургонтеппа. Территорияи колхозу «Коммунизм». Аз Навҷавон то маркази Совети қишлоқ- 7 км, то район 14 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 500 нафар (1982), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо ба воситаи канал аз дарёи Вахш обёрӣ ме- шаванд. …

Муфассал »

Навҳа Мулло Муҳаммадсолеҳ

2

Навҳа Мулло Муҳаммадсолеҳ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик. Дар нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои асри 20 дар Бухоро умр ба cap бурдааст. Навҳа мувофиқи маълумоти «Тазкират-уш-шуаро»-и Мӯҳтарам дар замони таълифи тазкира барҳаёт будааст. Навҳа соҳиби хати хуб буда, бо китобат рӯз мегузаронид. Абёти боқимондаи шоир (дар тазкираву …

Муфассал »

Навъсанҷӣ

Навъсанҷӣ тадқиқ, баҳодиҳӣ ба навъу дурагаҳои зироати хоҷагии қишлоқ (бо муқоисаи навъҳои стандартӣ) ва муайян намудани қобили парваришии онҳо дар шароити истеҳсолӣ. Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ Навъсанҷии стансионӣ ва давла­тӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми Навъсанҷии стаисионӣ навъро дар замини муассисае, ки онро ба даст овардааст, 2—3 сол меомӯзанд ва дар як вақт …

Муфассал »

Навъии Хабӯшонӣ

2

Навъии Хабӯшонӣ  Мулло Муҳаммадризо (1562/1563, шаҳри Хабӯшони Хуросон —1610/1611, шаҳри Бурҳонпур), шоири эронӣ. Аз оилаи савдогар (баъдтар шайхи бузург). Дар ҷавонӣ бо падараш ба Кошон сафар карда, шогирди Мавлоно Музрташами Кошонй мешавад. Сипае ҳамроҳи падар Ҳиндустонро саёҳат кар­да, муддате дар Гучарот муқим мегардад. Баъди баргаштан ба ватан дар Машҳад умр …

Муфассал »

Навъи растанӣ

2

Хели растанӣ, к у л т и в а р, маҷмӯи раста- ниҳоест, ки бо роҳи селекксионӣ ба вуҷуд омадаанд ва аломату хусусиятҳои муайяни морфологию физио­логӣ ва хоҷагии худро аз насл ба насл мегузаронанд; воҳиди таснифотӣ растаниҳои мазрӯъ. Навъи растанӣ маҳаллӣ ва селоксионӣ мешавад Навъҳои м а ҳ а л …

Муфассал »

Навъбарқароркунӣ

2

Навъбарқароркунӣ – даври иваз шудани навъҳои растании сифатҳои биология xoҷагиашон паст (дар натиҷаи ғун шуда пи мутатсияи манфӣ, ифлосии механикӣ, ноустуворӣ ба касалию ҳашароти зараррасон ва дигар омилҳои номусоиди муҳит) бо тухми навъҳои серҳосили хушсифат (элитаҳо ва ғайраҳо). Навъбарқароркуни одатан баъди ҳар 4—5 сол ё ҳангоми зарурӣ гузаронида мешавад. Ниг. …

Муфассал »