Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЪЁЗДИ 2-ЮМИ РСДРП

СЪЁЗДИ 2-ЮМИ РСДРП

1-sezd-rsdrp

СЪЁЗДИ 2-ЮМИ РСДРП, 30 июл —23 августи соли 1903 аввал дар Брюссел, баъд дар Лондон пинҳонӣ барпо гардид. Дар он 43 вакил бо 51 овози ҳалкунанда ва 14 вакил бо овози машваратӣ иштирок доштанд, ки намояндагони 26 ташкилот буданд. Рӯзномаи съезд: Сохти съезд; Интихоби бюро; Муқаррар намудани регламент ва тартиби кори съезд; Маъфӯзаи Комитети ташкилӣ; Ҳисоботи комиссияи оид ба тафтиши мандатҳо ва муайян намудани ҳайати съезд; Мавқеи Бунд дар РСДРП; Программаи партия; Органи марказии партия; Маърӯзаҳои ҳайатҳои вакилон; Ташкил намудани партия; Ташкилотҳои районӣ ва миллӣ; Гурӯҳҳои алоҳидаи партия; Масъалаи маишӣ; Муборизаи иқтисодӣ ва ҳаракати касабавӣ; Ҷашнгирии 1-уми Май; Конпресси байналхалқии социалиогӣ дар Амстердам (1904); Намоиш ва шӯриш; Террор; Масъалаҳои дохилии кори партия; Муносибати РСДРП нисбат ба эсерҳо; Муносибати РСДРП нисбат ба ҷараёнҳои либералии рус; Интихоби Комитети Марказӣ ва ҳайати таҳририяи органи марказии партия; Интихоби Совети партия; Тартиби эълони қарорҳо ва пратоколҳои съезд. Масъалаи устави партия аз рӯи пункти 6-уми рӯзнома муҳокима карда шуд. В. И. Ленин, ки ба бюрои съезд интихоб шуд, ба як қатор маҷлисҳои съезд раисӣ намуд, қариб оид ба ҳамаи масъалаҳо баромад кард, аъзои комисюнҳоипрограммавӣ, ташкилӣ ва мандатӣ буд.

Съезд программаиискрагиро тасдиқ кард, ки вай аз ду қисм — аз программаи максимум ва программаи минимум иборат буд (нигаред Программаи КПСС).

Дар вақти муҳокимаи Устави партия, хусусан параграфи якуми он — дар бораи аъзогии партия оид ба масъалаи партия ду фикри тамоман зидди якдигар ба миён омад. В. И. Ленил параграфи якумро ин тавр ифода кард: «Ҳар шахс, ки программаи партияро эътироф кунад ва партияро чӣ бо воситаҳои моддӣ ва чӣ бо иштироки шахсӣ дар яке аз ташкилотҳои партиявӣ дасттирӣ намояд, аъзои партия ҳисаб мешавад». Мартов ақидаи худро пешниҳод кард, ки мувофиқи вай «он касе, ки программаи партияро қабул кунад, ба партия бо воситаҳои моддӣ мадад расонад ва дар таҳти роҳбарии яке аз ташкилотҳои он ба вай ёрии мунтазами шахсӣ расонад, аъзои партия ҳисоб карда мешавад». Моҳияти ин пешниҳоди Мартов аз он иборат буд, ки аъзои партия метавонад ба ташкилоти партиявӣ дохил нашавад, дар он кор накунад, яъне ба интизоми партиявӣ итоат накунад. Аҳамияти принсипиалии мубориза дар атрофи параграфи якуми Устав иборат аз ин буд, ки партия бояд чӣ гуна бошад. Ленинчиён тарафдори партияи пролетарии революционии муташаккилу ҷанговар ва боинтизом буданд. Мартовчиён моҳиятан тарафдори партияи майдабуржуазӣ буданд. Дар натиҷаи муттаҳид шудани гурӯҳҳои гуногуни оппортунистӣ, съезд бо аксарияти 28 овоз ба муқобили 22 овоз ва бетарафии як овоз параграфи якуми уставро бо ифодаи Мартов қабул кард, ки ин хато дар Съезди 3-юми РСДРП (1905) ислоҳ гардид ва параграфи якуми устав бо ифодан В. И. Ленин қабул карда шуд. Аҳамияти муборизае, ки искрачиён дар таҳти роҳбарии В. И. Ленин барои устави партия мебурданд, хеле бузург аст. Дар асоси ҳамин план дар Россия партияи революционии марксистӣ, партияи болшевикон ба вуҷуд омад вамустаҳкам гардид. Съезд марказҳои партия: Комитети Марказӣ, Органи Марказӣ (ОМ) ва Совети партияро ташкил намуд. Дар вақти интихоби муассисаҳои марказии партия В. И. Ленин ва тарафдорони ӯ ғалабаи қатъӣ ба даст аварданд. Редаксияи «Искра» дар ҳайати Ленин, Мартов, Плеханов интихоб карда шуд. Вале Мартов аз кор кардан дар редаксия даст кашид. Ба ҳайати Комитети Марказии партия Кржижановский, Ф. В. Ленгник ва В. А. Носков интихоб шуданд, ҳар се тарафдори Ленин буданд. Аъзои панҷуми Совет — Плеханавро съезд интихоб кард (Совет иборат аз 5 нафар: 2 нафар аз Органи Марказӣ, 2 нафар аз Комитети Марказӣ). Аз ҳамон дам тарафдорони В. И. Ленинро, ки дар вақти интихоби органҳои роҳбарикунандаи партия аксарияти овозро ба даст оварда буданд, болшевикон, муқобилони Ленинро бошад, меншевикон меномидагӣ шуданд. «Болшевизм,— навишта буд В. И. Ленин,— ҳамчун афкори сиёсӣ ва ҳамчун партияи сиёсӣ, аз соли 1903 вуҷуд дорад» (Асарҳо ҷилди 31, саҳифаи 8).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …