Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШУТУРХОР

ШУТУРХОР

 shuturxor

ШУТУРХОР, уштурхор, уштургиёҳ, хор, хори шутур, шук, янтоқ, антоғ (Alhagi), растании хордорест, ки одатан дар дашту даман руяд ва онро шутур бо рағбат мехурад. Аа руи таснифи ботаника як ҷинси гиёҳҳои бисьёрсолаест аз оилаи лубиёиҳо. Пояаш сахт, сершох, баргаш манда. Шукуфааш гулобӣ ё гулобии бунафштоб, ғилофакаш сертухм. Дар Тоҷикистон 3 намуди Ш. (A. cones-cens, A. kirghisorum, A. pseudalnagi) мерӯяд.

Ш. чун растании хуроки чорво пурқимат аст. Гулаш сершаҳд ва дорувор (махсусан барои табобати дарди ҷигар) мебошад. Тарангубин (шакархор) дар тибби Шарқ аз қадим маъмул будааст.

М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …