Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПЛЗЕН

Шаҳри ПЛЗЕН

ПЛЗЕН (Рlzen), шаҳр, маркази маъмурии Чехияи Ғарбӣ, муҳимтарин маркази иқтисодӣ ва мадании Чехословакия. 100 км ҷанабу ғарбтари шаҳри Прага воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 163 ҳазор нафар (1976). Плзен яке аз марказҳои калони индустрияи вазнини мамлакат мебошад. Хусусан саноати мошинсозӣ (собиқ заводи Шкода, ҳоло заводи ба номи В. И. Лелин), истеҳсоли электровоз, таҷҳизоти энергетикию металлургӣ, таҷҳизот барои саноати атом, гудозиши пӯлодҳои махсус ривоҷ ёфтааст. Соҳаҳои дигари саноат: хӯрокворӣ (аз ҷумла пивопазӣ, ки басо машҳур аст), коғаз кулолӣ, шиша ва чармгарӣ.Институтҳои тиббӣ, педагогӣ, мошинсозӣ, электротехнӣкӣ ва театру музейҳо дорад. Ёдгориҳои меъмориаш ба асрҳои 15—18 мапсубанд. Шаҳр соли 1292 бунёд шудааст. Дар асрҳои 14—15 шаҳри калони ҳунармандӣ ва тиҷоратӣ буд.

jayrs_zevwo

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …