Маълумоти охирин

ПОЛО

marco_polo

ПОЛО (Роlо Маrkо, тақрибан 1254, Венетсия —8. 1. 1324, ҳамон ҷо), сайёҳ ва нависандаи Италия. Аз оилаи тоҷиир ва сайёҳ. Поло солҳои 1271—1275 ҳамроҳи падараш Николо ва амакаш Маттео Поло савори киштии тоҷирон ба соҳилҳои ҷанубу шарқии нимҷазираи Осиёи Хурд меояд. Сипас ба воситаи кӯҳсори Арман, ҳамвории Байнаннаҳрайн, кӯҳсори Эрон, доманакӯҳи Ҳиндукуш ба Бадахшон меравад. Аз он ҷо ба воситаи Вахон, Қошғар ба Хитойи Шимолӣ меояд ва то соли 1292 дар хизмати хони муғул Хубилай мемонад. Дар ин муддат ба ноҳияҳои гуногуни мамлакат сафар мекунад. Аз Хитойи Ҷанубӣ бо роҳи баҳрӣ ба Эрон ва Туркия омада, соли 1295 ба Венетсия бармегардад. Бино ба баъзе маълумотҳо Поло дар муҳорибаи машҳури байни Венетсияю Генуя, ки 7 сентябри 1297 дар баҳри Адриатика ба амал омада буд, иштирок намуда, ба генуягиҳо асир афтод. Дар маҳбас ҳамроҳи Рустичанои Пизани хотираҳои худро таҳти унвони «Китоби Марко Поло» навишт, ки он охири соли 1298 ба табъ расид. Поло дар китоби худ доир ба мавқеи географӣ, ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва мадании халқҳои Шарқ маълумоти муҳим додааст. Як боби асар ба Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрон бахшида шуда, дар он оид ба мавқеи географии шаҳрҳои ин ноҳияҳо (Марв, Балх), зироат (хусусан зироати полизӣ, ғалла), чорводорӣ (зотҳои гуногуни аспҳо), сарватҳои зеризаминии Бадахшон (лаъл, ёқут), наботот ва ҳайвоноти он, сохти антропологӣ, машғулият, маданияти моддӣ (иқоматгоҳ, сару либос, хӯрок), дину оин ва дигар ҷиҳатҳои зиндагии халқҳои Помир маълумотҳои нодир оварда шудаанд. Китоби Поло яке аз сарчашмаҳои муҳими омӯзиши география, ётнография ва таърихи Арманистон, Гурҷистон, Осиёи Миёна, Эрон, Хитой, Муғулистон, Ҳиндустон ба шумор меравад ва ба якчанд забонҳои европоӣ, аз ҷумла русӣ тарҷума ва нашр шудааст.

Ас.; Книга Марко Поло, пер. со старофранц. И. П. Минаева. Редакция и вступ. статья И. П. Магидовиҷа, М., 1955.

Ад.: Степной Ет., Марко Поло о Средней Аэии, «Средняя Азия», Ташкент, 1896; Шкловский В., Марко Поло, М., 1936.

А. Валиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …