Назаров Одил (таваллуд 23.08.1929, Хуҷанд, Ленинободи ҳозира), дирижёр ва бастакори советии тоҷик. Арт. Халқии РСС Тоҷикистон
(1960). Аъзои ИБ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1977). Аъзои КПСС аз соли 1963. Назаров соли 1939 ба Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод дохил шуд ва онро соли 1945 хатм кард.
Баробари таҳсил аз соли 1943 дар Театри драмаи мусиқии Ленинобод на- возандаи оркестр шуда кор мекард. Аз соли 1957 дирижёр ва 1965 сардиря- жёри ҳамин оркестр. Аз соли 1967 директори театри мазкур мебошад. Фаъолияти педагогиаш дар Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод (аз 1945) оғоз ёфтааст ва ҳоло идома дорад. «Марши идона» (ба муносибати 20- солагии ташкил ёфтани РСС Тоҷикистон) асари нахустини ӯст. Назаров муаллифи сурудҳои «Мутрибон» (шеъри М. Аминзода), «Ба доди дил бирас» Неъмат Шариф, «Увертюраи идона» ва ғайра мебошад. Истеъдоди бастакории Назаров алалхусус дар навиштани мусиқи ба песаҳои «Ғуломи сиёҳ»-и И. В. Иконников, «Шаҳло»-и А. Шукӯҳӣ ва Ҳ. Аскар, «Исёни арӯсон»-и Саид Аҳмад намоён гар- дид. Мусиқии фораму дилнишини Назаров саршори лиризми нозук ва рӯҳияи ҳаётдӯстист. Назаров бо медалҳо мукофотонида шудааст.