Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абразивҳо

Абразивҳо

АБРАЗИВҲО (франсавӣ abrasif – суфтакунанда, сайқалдиҳанда, лотинӣ abradere – тарошидан, зудудан), маводи ниҳоят сахт, ки барои коркарди сатҳи масолеҳи гуногун истифода мешаванд. Абразив дар техника дар равандҳои суфтакунӣ, сайқалдиҳӣ, буриши масолеҳ ва ғайра истифода мебаранд.

abrasifsАбразив аз рӯи сахтӣ, сохти химиявӣ ва андозаи заррачаҳои суфтакунанда табиӣ (алмос, ақиқи сурх, кварс, ко­рунд, бӯр, пемза, шпати саҳроӣ ва ғайра) ва сунъӣ (дажголи минералӣ, резамайдаи пӯлод, алмоси сунъӣ, карбиди бор, карбиди силитсий, нитриди силитсий, нитриди алюминий, оксиди хром ва ғайра) мешаванд.

Абразивро дар сохтмон аз ҷумла ҳамвор кардани девор ба забони руссӣ “Наждачная бумага” мегӯянд.

М. Холов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …