Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ХУДОЙНОМА»

«ХУДОЙНОМА»

«ХУДОЙНОМА» (аз паҳлавии хватай—шоҳ ва номак—нома), асари таърихӣ ва адабист, ки тақр. дар а. 7 ба забони паҳлавӣ таълиф шудааст. Дар муқаддимаи бойсунқурғи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мураттиби «Xудойнома» бо номи Донишвари деҳқон ёд шудааст. «Xудойнома» достонҳои қаҳрамонӣ, саргузашгтҳои ишқии шоҳону паҳлавонон, қиссаҳои динӣ ва ғ, хулоса тамоми матолиберо, ки ба таърихи Эрони Қадим дахл дошт, дар бар мегирифт. Матни паҳлавии «Xудойнома» баъди интишори дини ислом аз байн рафт, аммо осори он, порчаҳои зиёдаш, мухтасари баёни матолибаш дар осори таърихнависони араб ва форс-тоҷик боқӣ мандааст. Ба интишор ва шуҳрати «Xудойнома» инчунин паҳн шудани ривояту қиссаҳои эрони дар ойини арабҳо, тарҷумаҳои арабии ин acap мусоидат кардаанд. Ба арабӣ ин асарҳо дар асрҳои 8—9 Ибни Муқаффаъ, Муҳаммад ибни Ҷаҳими Бармакӣ, Зодвеҳ ибни Шоҳвеҳи Исфаҳонӣ, Муҳаммад ибни Баҳром ибни Матёри Исфаҳонӣ, Ҳишом ибни Қосими Исфаҳонӣ, Мўсо ибни Исои Кисравӣ, Баҳром ибни Мардоншоҳ, Исҳоқ ибни Язид, Умар ибни Фаррухон, Баҳроми Хиравии Маҷусӣ, Баҳром ибни Меҳрони Исфаҳонӣ ба номҳои «Сияр-ул-мулук-ул-фурс», «Таърихи мулуки бани-Сосон», «Сират-ул-фурс» тарҷума ва таҳзибу такмил карда буданд. Китоби дигаре бо номи «Таърихи мулук-ул-фурс-ул-мустахраҷ мин хизонат-ил-Маъмун» низ тарҷумаи арабии «Xудойнома» мебошад. Аз ин тарҷумаҳо адибону муаррихони асрҳои 9—10-и араб ва форс-тоҷик Табарӣ, Балъамӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Саолибӣ, Ибни Надим Масъудӣ, Ибни Қутайба, муаллифи «Муҷмал-ут-таворих в-ал-қисас», мураттибони «Шоҳномаи Абумансурӣ» ва диг. ёд кардаанд. Муаллифони мазкур тамоми матолибро доир ба таърихи Эрони Қадим ва аҳди Сосониён аз тарҷумаҳои арабии «Xудойнома» гирифта буданд. Мас., дар «Уюн-ул-ахбор»-и Ибни Қутайба порчаҳои зиёде бевосита аз тарҷумаҳои арабии «Xудойнома» иқтибос шудааст, ки тавассути онҳо аз асли «Худойнома»-и паҳлавӣ низ иттилоъ пайдо метавон кард. «Xудойнома» яке аз манбаъҳои асосии «Шоҳнома»-и Масъуди Марвазӣ, «Шоҳнома»-и Абулмуайяди Балхӣ, «Шоҳномаи Абумансурӣ», «Шоҳнома»-и ма»-н Абуалии Балхӣ ва «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ гардидаст.

Ад.: Розен В. Р., К вопросу об арабских переводах «Худойнаме», дар маҷм.: «Восточные заметки». СПб., 1895;

  1. Диловаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …