Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХРОМАТОГРАФИЯ

ХРОМАТОГРАФИЯ

ХРОМАТОГРАФИЯ (аз юн. chroma — ранг ва …графин), як усули физикию химиявии тақсим ва таҳлили омехтаҳоро гўянд. Xроматография ба тақсим шудани компонентҳои омехтаҳо дар байни ду фаза — беҳаракат ва ҳаракатнок (элюент) асос ёфтааст.

xromatografy

Xроматографияи адсорбсионӣ, абсорбсионӣ, мубодилаи ионӣ, эксклюзиони ва ғ. мешавад. Xроматография дар лаборатория ва саноат барои таҳлили сифатӣ ва миқдории системаҳои бисёркомпонента, назорати истеҳсолот, ҷудокунии элементҳои нодир ва пароканда истифода мешавад. Хроми газиро барои ҷудокунии газҳо ошкор намудани омехтаи моддаҳои зарарнок дар ҳаво, об, хок, маснуоти саноат, Хроматографияи моеъро барои таҳлил, ҷудо ва тоза намудани полимерҳои синтезӣ, дорувор, сафеда, гормонҳо ва диг. пайвастҳои муҳими биологӣ ва Xроматографияҳои тунукқабату қоғазинро дар таҳлили чарбу карбогидрат, сафеда ва ғ. ба кор мебаранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …