Маълумоти охирин

«ХОРО»

«ХОРО»  сурудест дар қисми овозии «Шашмақом», ки чун мавзўи аслӣ дар шуъбаи якуми мақоми «Сегоҳ» ҷой гирифта аст. «Xоро» дар ин шуъба бо 5 тарона омада, бо зарби 2/4 иҷро мешавад. Оҳангаш фараҳангез аст. Матни «Xоро» дар «Шашмақом» бар ғазали Имлои Бухороӣ омадааст, ки матлааш ин аст:

Бикшой рухи чум моҳу ривоҷи бутон шикан.

Бозори нози лолаву лоларухон шикан.

Мувофиқи маълумоти маъхазҳои пешин «Xоро» суруди қадимӣ буда, дар аҳди Сосониён бо номи «Наврўзи хоро» аз тарафи ҳунарварони он давра тасниф гардида (таснифи онро ба Борбад ва ё Накисо нисбат медиҳанд), ҳангоми ҷашнҳои наврўзӣ дар базмгоҳҳо иҷро мешудааст. Дар «Рисолаи мусиқи»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ бо номи «Наврўзи хоро» ва дар таснифоти «Дувоздаҳмақом» бо номи «Наврўз» омадааст. «Наврўз»-и «Дувоздаҳмақом», ки шуъбаи мақоми «Наво» буда, дар овозаи «Наврўз» ҷой гирифтааст ва бо зарби «Уфар» иҷро мешавад, аз ҳамон «Наврўзи хоро»-и қадима бармеояд. Дар асрҳои минбаъда ва то имрўз фақат бо номи «Хоро» амал дорад.      И. Раҳимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …