Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Усмон ибни Иброҳим

Усмон ибни Иброҳим

УСМОН Усмон ибни Иброҳим (соли таваллуд номаълум — вафот 1212, Самарқанд), султони Қарахониён. Усмон дар ибтидо ҳокими шаҳри Самарқанд буд. Баъди вафоти падар дар ҳудуди асрҳои 12—13 ба тахти давлати Қарахониён нишаста, унвони «Султони кабири султонон»-ро гирифт. Дар ин давра байни Қаракидониён ва Хоразмшоҳиён муборизаи сахт мерафт. Вале Усмон бо ҳар ду тараф муносибати хуб дошт. Муҳаммади Хоразмшоҳ дар аввалҳо фикри барҳам додани сулолаи Қарахониёнро надошт. Бинобар ин ӯ баъди забти Бухоро (1207) ба мулки Усмон даъвое накарда, бо вай шартномаи дӯстӣ баст. Усмон мисли пештара бо ному унвонҳои худ пул сикка задан гирифт. Муҳаммад Хоразмшоҳ ва Усмон аз Қаракидониён шикаст хӯрданд. Бо мақсади аз тасарруфи Хоразмшоҳиён озод шудан Усмон аҳолии шаҳрро, ки аз зулми Хоразмшоҳиён ба дод омада буд, муттаҳид кард. Соли 1212 сокинони шаҳри Самарқанд шӯриш бардоштанд. Шӯришгарон Қарахидониёнро ба ёрӣ даъват намуданд. Муҳаммад Хоразмшоҳ аз ин ҳодиса хабар ёфта, шӯришро бераҳмона пахш ва Усмонро қатл кард.
Адабиёт: Гафуров Б. Г. Таджики.
Древнейшая, древняя и средненековая история, Москва, 1972.
Л. Валиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …