Маълумоти охирин
Главная / Биология / УШНОНДОРУ

УШНОНДОРУ

УШНОНДОРУ, зуфо (Нуssopus оffisinalis), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи лабгулҳо. 50—90 см қад мекашад.
Ушнондору чун растании хӯшбӯй ва доруи аз қадим маълум аст. Аз хусусиятҳои муфиди ушнондору Дисқуридус (Диоскорид, а.. м.), Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунн, Аоуалии Сино ва дигарон бохабар буданд. Масалан, бино ба маълумоти Сино, ушнондору ду навъ аст: боғӣ ва кӯҳӣ. Вай бо ҷӯшоби ушнондору дарди қафаси сина, шуш, зиққи нафас, хафақон, истисқо, сулфаи кӯҳна (бо анҷиру асал) ва ғайраро табобат мекард. Бо марҳами ушнондору доғи рӯйро меравонд ва испурчро табобат менамуд. Ушнондоруро бо омехтаи доруҳои дигар чун подзаҳри мор тавсия медод. Табибони халқӣ нақеъи баргу пояи онро (дар давраи гудшукуфт) ҳангоми сулфаи куҳна, зиққи нафас ва ғайра чун доруи балғамовар истифода мебаранд; пешоб ва боди шикамро низ меронад.

ushna
Алҳол ушнондоруро чун гиёҳи хушбуй мепарваранд. Барги тару хушки онро ба монанди райҳон, пудинаву зира ва ҒАЙРА ба хӯриш ва таомҳо меандозанд. Ушнондоруро бештар аз тухм зиёд мекунанд. Барои нашъунамои хуби он замини офтобрӯя, намии мӯътадил, хоки кароонатӣ лозим. Одатан аввали баҳор (ба чуқурии 0,3—0,5 см) мекоранд (ба ҳар га 6—8 кг); байни қаторҳо —15—20 см. Баъди 8—14 рӯзи кишт тухмӣ неш мезанад. Ушнондору зироати ба камобӣ тобовар аст. Дар як ҷой 3—4 сол нумӯ меёбад.
Баргу пояи ушнондору 1,9—2 мг% холин, гликозиду флаваноидҳо (диосмин, иссолин ва ҒАЙРА), кислотаҳои органикӣ, моддаҳои даббоғӣ ва ғайра дорад. Аз ушнондору равғани эфир низ мегиранд. Дар баргаш 0,6—1,15% ва дар хӯшагулаш 0,9—1,98% равғани эфир (34— 45% пинокамфен, 1% апинен, 5% 6-пинен, синеол, камфен ва ғайра) ҳаст. Ушнондоруро дар атриёт ва истеҳсоли машрубот истифода мебаранд.
Гули ушнондору хеле сершаҳд аст. Шаҳди гули он 29—48% қанд дорад. Занбӯрпарварон аз ҳар га ушнонзори гулаш кабуд 38—60 кг ва гулаш сафед то 121 кг асали хеле хушсифат ва шифобахш мегиранд.
М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …