Маълумоти охирин

УРЕМИЯ

УРЕМИЯ (аз юнонӣ uron — пешоб ва haima — хун), худзаҳролудкунии шадид ё музмини организм, ки дар натиҷаи номураттабии кори гурда ба вуҷуд меояд. Уремияи шадид ҳангоми заъфи пуршиддати гурда (дар давраи олигурия — кампешоби) пайдо мешавад, ки дар натиҷа дар хун миқдоран креатинин, карбамид, индикан ва аммиак хеле зиёд ва мувозинати туршию ишқор вайрон шуда, миқдори электролитҳо (калий, магний, калсий, хлор ва ғайра) тағйир меёбад.

uremia

Дигаргунии дилу рагҳо боиси зуд-зуд ва номураттаб задани дил, инчунин ғалаёни хун гардида, камхунӣ, бесомонии асабия, бемории узвҳои ҳозима ва обварами шуш авҷ мегирад. Уремияи шадид 5—10 (баъзан 30 ва зиёда аа он) шаборӯз давом мекунад. Уремияи музмин дар натиҷаи бемориҳои музмини гурда ба вуҷуд меояд. Дар ин маврид беморон рӯҳафтода, хоболуд шуда, ҳиссиёташон ноустувор, шунавоиашон паст, пӯсташон зарди сафедтоби хушк ва пажмурда мегардад. Дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, ташнагӣ, рагкашӣ, илтиҳоби асабҳо, хунравӣ (аз бинӣ, пӯст, рӯда ва ғайра), беиштиҳоӣ мушоҳида мешавад; фишори шараёнӣ якбора баланд ва бофтаҳои устухон тунук мешаванд (декалсификасия), банду буғумҳо иллатнок гардида перикардит хуруҷ мекунад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …