Маълумоти охирин

УРЕМИЯ

УРЕМИЯ (аз юнони uron — пешоб ва haima — хун), худзахролудкунии шадид ё музмини организм, ки дар натичаи номураттабии кори гурда ба вучуд меояд. Уремияи шадид хангоми заъфи пуршиддати гурда (дар давраи олигурия — кампешоби) пайдо мешавад, ки дар натича дар хун микдоран креатинин, карбамид, индикан ва аммиак хеле зиёд ва мувозинати туршию ишкор вайрон шуда, микдори электролитхо (калий, магний, калсий, хлор ва гайра) тагйир меёбад.

uremia

Дигаргунии дилу рагхо боиси зуд-зуд ва номураттаб задани дил, инчунин галаёни хун гардида, камхуни, бесомонии асабия, бемории узвхои хозима ва обварами шуш авч мегирад. Уремияи шадид 5—10 (баъзан 30 ва зиёда аа он) шаборуз давом мекунад. Уремияи музмин дар натичаи беморихои музмини гурда ба вучуд меояд. Дар ин маврид беморон рухафтода, хоболуд шуда, хиссиёташон ноустувор, шунавоиашон паст, пусташон зарди сафедтоби хушк ва пажмурда мегардад. Дилбехузури, кайкуни, ташнаги, рагкаши, илтихоби асабхо, хунрави (аз бини, пуст, руда ва гайра), беиштихои мушохида мешавад; фишори шараёни якбора баланд ва бофтахои устухон тунук мешаванд (декалсификасия), банду бугумхо иллатнок гардида перикардит хуруч мекунад.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …