Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УЛЯНОВ Дмитрий Илич

УЛЯНОВ Дмитрий Илич

ulyanov-di

УЛЯНОВ Дмитрий Илич (16. 8. 1874, Симбирск, ҳозира Уляновск— 16. 7. 1943, Ленинские Горки; дар Москва мадфун аст), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ, духтур. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1903. Бародари хурди В. И. Ленин. Аъзои «Иттифоқи коргарон»-и Москва, агенти «Искра», агенти Комитети Маказии РСДРП дар Киев буд. Иштирокчии Революсияи солҳои 1905—07 (Симбирск) ва Револютсияи Октябри 1917 (Қрим). Солҳои 1919—21 аъзои Комитети революссионии Қрим, ҷонишини раиси СКХ-и Қрим, аъзои Комитети вилоятии РКП(б). Аз соли 1921 дар Комиссариати халқии нигаҳдории тандурустӣ. Солҳои 1925— 30 корманди Университети коммунистии ба номи Я. М. Свердлов ва минбаъд машғули тадқиқоти илмӣ буд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …