Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕЛЕВИЗИОН

ТЕЛЕВИЗИОН

ТЕЛЕВИЗИОН (аз теле… ва лотинӣ vizo—мебинам), як соҳаи илмутехника ва маданиятро гӯянд, ки ахбори аёнӣ (тасвирҳои ҳаракат кунанда)-ро тавассути олоти радиоэлектронӣ ба масофаи муайян ирсол менамояд. Аслан услуби худи ирсолро телевизион меноманд. Телевизион баробари радиошунавонӣ аз оммавитариш воситаҳои ‘нақлп ахбор (сиёсӣ, маданӣ, илмию маърифатӣ, таълимӣ) ва яке аз олатҳои асосии алоқа дар корҳои амалии илму техника (масалан, дар системаҳои диспетчерӣ ва назорати соҳаҳои саноат ва нақлиёт, тадқиқи кайҳон, корҳои ҳарбӣ, таълиму тарбия ва ғайра) мобошад.

Принципҳои асосии телевизион ва татбиқи техникии онҳо. Азбаски одам тасвирҳои телевизиониро бо чашм мебинад, ҳангоми сохтусози системаҳои телевизион хусусиятҳои босира ба ҳисоб гирифта мешаванд (нигаред Чашм). Барои ирсоли телевизиоини тасвирҳо иҷрои се амал зарур бувад: ба сигнали электрӣ табдил додани нуре, ки объекти намоиш меафканад ё иньикос менамояд; ирсоли ситналҳои электрӣ бо канали алоқа ва қабули онҳо; аз нав ба импулсҳои нур табдил додани сигналҳои электрӣ ва тавассути онҳо ҳосил намудани тасвири оптикии объекти намоиш. Заминаи иҷрои ин амалҳо аз тарафи У. Смит (кошифи фотоэффекти дарунӣ; 1873, ШМА), А. Г. Столетев (қонуниятҳои асосии фотоэффекти беруниро муқаррар кардааст; 1888), А. С. Попов (ихтироъкори радиоалоқа; 1895). Б. Л. Розюнг (ихтироъкори ба истилоҳ системаи «телескопияи катодӣ», ки дар он барои таҷдиди тасвир карнаи электроншуоӣ истифода мешавад; 1907) гузошта шудааст.

tv

Дар телевизион принсипи ирсоли пайдарпаи тасвир (унсур ба унсур) қабул шудааст, ки онро олими португалӣ

А. ди Пайва (1878) ва физики рус П. А. Бахметьев (1880) пешниҳод кардаанд. Просеси табдили пайдарпаи унсурҳои тасвир ба сигналҳои электрӣ ҳангоми ирсол ва ҷараёни баръакси он ҳангоми қабул густариши тасвир (нигаред Густариши телевизионӣ) ном дорад. Процессҳои таҳлилу таркиби тасвир бояд синхронӣ ва синфазӣ бошанд. Қонуни густариш аз рӯи таъиноти системаи телевизиони муайян мешавад. Масалан дар телевизиони ҳозиразамон густариши хаттиву сатрӣ қабул шудааст, ки дар он кадри муташакил бунёди амудию сатрӣ дорад. Барои бақои синфазагии густариш дар охири ҳар як сатр ва кадр импулсҳои синхронизананда фиристода мешаванд. Ҳамин тавр станцияи телевизионӣ дар минтақаи амалиёти худ густариши ҳамаи телевизорҳоро идора менамояд. Процессҳои техникии табдил ва таҷдиди тасвири оптикӣ дар телевизиони ҳозиразамон асосан тавассути карнаи электроншуоии вакуумӣ ба амал оварда мешавалд. Истифодаи амалии системаҳои электронии телевизион ба солҳои 1920— 30 рост омад, ки туфайли корҳои тадқиқоту яхтирооти В. К. Зворикин, Ф. Фарнсуорт (П1МА), К Свинтон (Англия), В. П. Грабовский, С. И. Катаев, А. П. Константинов, Б. Л. Розинг, П. В. Тимофеев, П. В. Шмаков (СССР) ва дигарон сурат гирифтасст.

Инкишофи телевизион аз ирсоли фақат тавсифоти равшании ҳар як унсури тасвир оғоз ёфтааст. Дар телевизиони муқаррарӣ (нигаред расм) сигналҳои равшанӣ (видеосигнал) дар баромадгоҳи карнаи ирсол тақвият ва табдил меёбанд. Дар он ба сифати канали алоқа радиоканал ё канали кабели истифода мешавад.

Дар телевизиони ранга ғайр аз сигналҳои равшанӣ информацияи ранги ҳар як унсури тасвирро ҳам ирсол менамоянд. Камераи ирсоли телевизиони ранга аз се карнай иборат аст (барои ҳосили сигналҳои равшанӣ ва рангҳои асосӣ — сурх, сабз, кабуд). Системаҳои телевизиони муқаррарӣ (монохромӣ), ранга, стереомонохромӣ ва стереоранга (вобаста ба сифат); қиёсӣ ва рақамӣ (вобаста ба шакли сигнал), фарохфосила (фосилаи мавҷгузарониаш ба фосилаи мавҷгузаронии канали намоиш баробар ё аз он калон) ва камбарфосила (вобаста ба спектри басомади канали алоқа) мешаванд.

Телевизион бо мурури замон чун системаи намоиши телевизионӣ маъмул гардид. Ҳоло аппаратураи телевизионро барои ҳалли масъалаҳои гуногуни илмию техникӣ, тиббӣ, соҳаҳои хоҷагии халқ васеъ истифода мебаранд. Соли 1962 телевизиони кайҳонӣ (дар СССР; нигаред Космовизион) ба вуҷуд омад, ки дар тадқиқоту фатҳи кайҳон роли калон мебозад.

Телевизион имконият дод, ки тарафи аз Замин нонамоёни Моҳ аз худ карда шавад, тавассути он стансияҳои автоматии «Луноход-1» ва «Луноход-2» дар масофаи тақрибан 400 ҳазор км идора ва тасвири фототелевизиони Моҳ, Уторид, Зӯҳра, Миррих ва Муштарӣ гирифта шудааст.

Намоиши телевизион яке аз воситаҳои асосии ахборотиву тарғиботӣ, таълиму тарбия ва истироҳатл аҳолӣ мебошад. Таҷрибаҳои ба масофа ирсол намудани тасвир аа рӯзҳои аввали Ҳокимияти Советӣ оғоз ёфтанд В. И. Ленин ба тараққиёти минбаъда ва истифодаи амалии телевизион диққати ҷиддӣ медод. Соли 1930 дар лабораторияи Институти умумииттифоқии электротехникии системаи механикие таҳия шуд, ки тасвирро ба 30 сатр ҷудо карда намоиш медод. Аз 1 октябри 1931 тасвирҳои беҳаракат (ирсоли телевизиони камсатр) мунтазам намоиш дода мешуданд, дар Ленинград, Одесса, Киев, Харков, Нижний Новгород, Смоленск, Томск намоиши телевизиони механикӣ оғоз ёфт. Соли 1932 бори аввал тасвири ҳаранаткунанда (телекино), соли 1934 бошад тасвирн ҳаракаткунандаи садодор намоиш дода шуд. Телевизиони электронӣ дар Москва ва Ленинград аз соли 1939 ба кор даромд, 10 марти соли 1939 дар Москва дар бораи кушода шудани Съезди 18-уми ВКП (б) филм намоиш дода шуд. Минбаъд намоиши кинофилм, канцерт, спектакл ва телеслектаклҳо мунтазам идома ёфт. Соли 1951 студияи марказии телевизион ташкил шуд, ки дар он аз соли 1954 редаксияҳои тарғибот, саноат, хоҷагии қишлоқ, илм, спорт ба кор сар карданд. Соли 1954 дар Москва бори аввал намоишҳои таҷрибавии телевизиони ранга гузаронида шуданд. Дар охири солҳои 50 телевизион умумииттифоқи гардид. СССР аз соли 1961 аъзои Ташкилоти байналхалқии «Интервидение» мебошад.

Студияи телевизиони тоҷик 7 ноябри 1959 ба кор даромад, 2 феврали 1960 студияи сайёри телевизионӣ (ССТ) ба кор сар кард. Аз соли 1967 ин ҷониб тамошобинон барномаҳои телевизиони марказӣ ва студияи телевизиони Тошкентро ба воситаи канали релеии Душанбе — Тошкент тамошо мекунанд. 25 январи 1975 стансияи сайёри телевизиони ранга ба кор даромад.

Ҳоло телевизиони тоҷик 4 барномаро намоиш медиҳад. Намоишҳои барномаҳои 1-ум ва 2-юми умумииттифоқӣ тавассути системаи рӯизаминии алоқаи «Восток-А» ва системаи кайҳонии алоқа «Орбита» гирифта мешаванд. Студияи телевизиони ранга бо аппаратҳои техникии ҳозиразамон ҷиҳозонида шудааст. Ҳаҷми умумии намоишҳои студияи маҳаллӣ дар як шаборӯз тақрибан 8 соат мебошад, ки зиёда аз 3 соати онро бевосита кормандони редакцияҳо ва студия тайёр )мекунанд, бо студияҳои телевизиони республикаҳои иттифоқӣ ҳамкории эҷодӣ дорад.

Намоишҳои асосии телевизиони тоҷик — «Ахбор», «Новости», «Ҳаёти партиявӣ», «Дар мудофиаи Ватан», «Тандурустӣ», «Табиат ва инсон», «Барномаи ҷавонӣ», «Клуби дугонаҳо», «Гулхан», «Ситорача», «Баҳористон», «Чашма», «Гулшани адаб», «Наво», «Ҳаёти мусиқӣ», «Савту калом» ва ғайра мебошанд, Тавассути барномаи сеюм барномаҳои телевизиони Тошкент намоиш дода мешавад, ки ҳаҷми умумии намоишҳои якшаборӯзии он 6 соат аст. Барномаи чорум намоишҳои барномаи чоруми телевизиони марказиро ба воситаи системаи кайҳонии «Орбита» трансляция монамояд.

Телевизиони советӣ аз телевизиони марказӣ, республикавӣ ва маҳаллӣ (кишварӣ, вилоятӣ) иборат аст. Телевизиони марказӣ 6 барнома дорад, ки дутои он барои ноҳияҳои дурдасти мамлакат таъин шудааст. Барномаи якум барномаи асосии умумииттифоқии информационӣ, ҷамиятӣ-сиёсӣ, бадеӣ ва маърифатӣ мебошад (вақти намоиш 13 соат дар як шаборӯз). Барои РСС Узбакистон, РСС Тоҷикистон, РСС Қирғизистон, РСС Туркманистон, як қатор вилоятҳои РСС Қазоқистон ва Урал мисли барномаи якум барномаи «Восток» намоиш дода мешавад (ба ҳисоби ашёи 13 соат дар як шаборӯз).

Соли 1977 сокинони шаҳри Хоруғ ва дигар раёнҳои ВАБК намоишҳои барномаи 1-уми телевизиони марказиро тамошо мекунанд. Гурӯҳи эҷодии «Тоҷиктелефилм» ҳар сол 9—10 филмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ истеҳсол менамояд.

Дар хориҷа намоишҳои мунтазами телевизион соли 1936 дар Англия аз Германия, соли 1941 дар ШМА оғоз ёфтанд. Дар Европа телевизион солҳои 50, дар мамлакатҳои (мутараққӣ солҳои 60 ба таври оммавӣ паҳн гардид. Он дар мамлакатҳои социалистӣ дар ихтиёри давлат мебошад. Мамлакатҳои мутараққии капиталистӣ студияи толевизионии ҳам давлатӣ ва ҳам тиҷоратӣ доранд. Телевизиони мамлакатҳои тараққикунанда дар ихтиёри давлат буда барои ахборот, маърифат ва тарбиян омма хизмат мекунад. Азбаски шумораи телевизорҳо кам аст, дар клубҳои махсус намоишҳои коллективона ташкил карда мешаванд.

А. Асроров.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …