ТУРБ

ТУРБ, турф, туруб, фиҷл (Rashanus sativus var. sativus), гиёҳи як-дусолаест аз оилаи чилликгулҳо як навъ сабзарвоти бехмевагист, Бехаш гуногуншакл (дарозрӯя, лӯнда ва ғайра), сафед, гулобӣ, сиёҳ ва сурх, сермағзу сероб; вазни яктоаш то 5 кг мешавад.

390x
Турб сабзавоти дӯстдоштаи тоҷикон аст. Таъмаш хуш ва каме тунд аст. Сабзавоти парҳезӣ ва табобатӣ низ ҳисоб меёбад.
Турбро аз замонҳои қадим чун растании доруӣ истифода бурдаанд. Асрҳои 5—4 то мелод хусусиятҳои шифоии онро Бақрот таъриф кардааст. Диоқуридус ва Ҷолинус иштиҳоовар ва тақвиятбахши узвҳои ҳозима будани турбро нишон додаанд. Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва Абӯалии Сино низ турбро растании доруӣ донистаанд. Масалан, Сиво бо тухми турб иллати ҷигар ва бо шираи бехаш обхӯраро табобат мекард. Ӯ турбро позаҳри мору каждум меҳисобад. Табибони халқӣ онро бештар барои табобати иллати испурҷ, инчунин сурфакабутак истифода мебаранд. Турби дар асал хобондаро ҳангоми илтиҳоби роҳи нафас, сил ва сулфа истеъмол мекунанд.
Маълум кардаанд, ки оби турб ҷудошавии шираи меъдаро метезонад ва ҳазми хӯрокро беҳтар менамояд; кори рӯдаҳоро тақвият медиҳад, барои аз организм хориҷ шудани холестерин мусоидат мекунад. Вале ҳангоми захми меъда, илтиҳоби рӯда, иллати ҷигар ва бемориҳои вазнини дил аз истеъмоли турб худдорӣ бояд кард. Бино ба баъзе маъхазҳо бо гӯшти лаҳми мурғ ва ҷурғот хӯрдави он низ зарар дорад. Масалан, дар «Тибби Юсуфӣ» мехонем:
Ҳар он кас, ки аз ақл нуру зиёст.
Ба ҳам турбу ҷуғрот хӯрдан хатост. ё худ:
Тановул кунӣ лаҳми мурғ ар ба турб,
Ба сиҳҳат намонад туро ҳеҷ қурб.
Баргу пояи турб силоси серғизо мешавад. Бехи он то 0,15% равған, 0,8 —1,6% қанд, 2% сафеда, витамннҳои С (0,12%), В, каротин (провитамини А), равғани эфир, ба миқдори зиёд намакҳои калий, тухмаш то 6,5% равғани эфир ва 34—45% равған дорад.
М. Хоҷиматов.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАҲО

САФЕДАҲО, протеинҳо, моддаҳои органикии калонмолекулаи табииеро гӯинд, ки аз аминокислотаҳо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …