Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТРАНСКРИПЦИЯ

ТРАНСКРИПЦИЯ

ТРАНСКРИПЦИЯ (аз лотинӣ traskriptio— рӯнавис кардан), овонавишт, таҷдиди хаттии овоз, калимаҳову матвҳо тавассути ягон системаи алифбо. Се навъи транскрипсия— фонетикӣ, фолематикӣ ва амалӣ вуҷуд дорад. Дар транскрипсияи фонетикӣ нутқ бо тамоми хусусиятҳову тобишҳои овозиаш инъикос меёбад.

transkription

Масалан, калимаҳои асбоб, ресмон, чашмбандро дар асоси алифбои имрӯзаи тоҷикӣ ва алифбои лотинӣ чунин транскрипсияи фонетикӣ кардан мумкин аст; аспоб, риесмэн, чашмбан — аspob riesmon, саsmban. Транскрипсияи фонетикӣ дар луғатҳои дузабона, китобҳои дарсӣ, дастурҳо барои омӯзиши забони бегона, дар тадқиқи лаҳҷаҳои номаълум ё кам омӯхтешуда истифода мешавад. Дар Транскрипсияи фонетики (фонологӣ) ҳар як фонема ба як аломати муайян мувофиқат мекунад. Масалан: <асбоб>, <ресмон>, <чашмбанд> — < аspob >, < riesmon >, < саsmban >. Транскрипсияи фонетикиро дар қавсайни мураббаъ [ ] ва транскрипсияи фонематикиро дар қавсайни уреб ( ) ё шикаста < > мегиранд. Одатан барои ҳар ду навъи транскрипсия алифбои лотинпро бо иловаи ҳарфҳои юнонӣ ва аломатҳои зиёди диакритикӣ истифода мебаранд.
Дар омӯзиши забонҳои эронӣ Транскрипцияи байналхалқии эронӣ (ТБЭ) истифода мешавад, ки дар асоси алифбои лотинӣ бо иловаи баъзе ҳарфҳо аз алифбоҳои юнонию чехӣ мураттаб шудааст. Аввалин бор (соли 1880) шарқшиноси чех В. Томашек транскрипсияро истифода бурд, баъдтар дар асари ҷомеи «Grundrise dег iranischen Рhilolojie» («Асосҳои филологияи эронӣ», Штрасбург, 1898—1901) барои сабти материали забонҳои матруки қадимӣ (авестоӣ, форсии қадим, форсии миёна ва ғайра) ва забонҳои зиндаи эронӣ татбиқ гардид. Баробари васеъ гардидани доираи таҳқиқи забонҳои эронӣ ва кашф шудани лаҳҷаву шеваҳои нав ин транскрипсия аз тарафи эроншиносон такмил ёфт. Аз оғози асри 20, ҳангоме ки олимоли русу советӣ ба омӯзиши забонҳои гуногуни эронӣ даст заданд, ба ҷои алифбои лотинӣ транскрипсияи матнҳо дар асоси алифбои русӣ маъмул гардид. Дар ин системаи транскрипсия баробари ҳарфҳои руси ҳарфҳои, хоси забони миллӣ, баъзе ҳарфҳои лотинӣ ва аломатҳои гуногуни диакритикӣ вуҷуд доранд. Баъзан бо мақсади илмӣ транскрипсияи аналитикии ғайриалифбоиро истифода мебаранд. Дар ин транскрипсия аломатҳои махсус — рақаму расмҳо маъмул буда, ҳар як аломат ба унсурҳои артикуляционӣ (талаффуз) -и овоз (лабӣ, зич ва ғайра) мувофиқ аст. Машҳуртарин транскрипсияи ғайриалифбоӣ транскрипсияи аналабетист, ки забоншиноси даниягӣ. О. Есперсен (1860—1943) ихтироъ кардааст. Ин транскрипсия ҷузъҳои овозро нисбатан мукаммал тавсиф диҳад ҳам, барои навиштани матн мувофиқ нест.
Транскрипсияи амалӣ — навиштани калимаҳои тарҷуманопазири забони бегона (хориҷӣ) ба ягон алифбои миллист (навишти исмҳои хоси хориҷӣ, фамилияҳо, номҳои географӣ ва ғайра). Шарти асосии транскрипсияи хуби амалӣ ба талаффузи аслии калимаҳои хориҷӣ наздик шудан аст. Дар матбуот, харитаҳои географӣ, адабиёти махсуси илмӣ ва ғайра истифода мешавад.
Адабиёт: Эделман Ц. И., О единой научной транскрипции для иранских языков, Москва— Ленинград, 1963. X. Қурбонов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …