Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОЛМАСОВ Рафоэл Михайлович

ТОЛМАСОВ Рафоэл Михайлович

tolmasov

ТОЛМАСОВ Рафоэл Михайлович (таваллуд 24. 2. 19)23, Самарқанд), сарояндаи советии тоҷик (баритони лирикӣ – драматикӣ). Артисти Халқии РСС Тоҷикистон. (1968). Аъзои КПСС аз соли 1943. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Техникуми театрии Тошкентро хатм кардааст, Аз соли 1940 ҳунарпешаи Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик. Нақши нахустинаш — Нозим аз операи «Шӯриши Восеъ»-и С. Баласанян мебошад. Толмасов як силсила образҳо (партияҳо)-ро иҷро кард: Шарплес («Чио-Чио-Сан»-и Ҷ. Пучини; 1948), Онегин («Евгений Онегин»)-и П. Чайковский; 1950), Сулаймон («Оршип-мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков; 1955), Яго («Отелло»-и Ҷ. Ворди; 1966) ва ғайра. Толмасов анъанаҳои беҳтарини санъати операи рус ва ҷаҳониро дар таҷассуми образ ва офаридани хусусияти миллӣ ба кор бурдааст. Нақшҳои беҳтаринаш дар операҳои миллии тоҷик: Шопир («Бахтиёр ва Нисо»-и С. Баласанян; 1954), Мансур («Комде ва Мадан»-и 3. Шаҳидӣ: 1960), Содиқ («Бозгашт»-и Я. Сабзанов: 1967), Шерак («Афсонаи Шерак»-и С. Ҳамроев; 1970), Пӯлод Акбар («Пӯлод ва Гулрӯ», «Рӯдакӣ»-и Ш. Сайфиддинов: 1956, 1976), Баҳодур («Лаънаткардаи халқ»-и Д. Дӯстмуҳаммадов;. 1973). Бо ордени «Нишони Фахрӣ», ордени Шараф (дараҷаи 3) медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Рессрубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …