Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ТЕАТРИ РЕСПУБЛИКАВИИ МАЗҲАКАИ МУСИҚӢ ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод

ТЕАТРИ РЕСПУБЛИКАВИИ МАЗҲАКАИ МУСИҚӢ ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод

ТЕАТРИ РЕСПУБЛИКАВИИ МАЗҲАКАИ МУСИҚӢ ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод, январи 1932 дар заминаи дастаи ҳаваоскорони назди мактаби миёнаи ба номи А. С. Пушкин таъсис ёфтааст. Аввалин асарҳои мукаммали дар саҳнаи ин театр таҳияшуда инҳоанд: «Бегуноҳ»-и М. Юсуфбеков ва «Ғолибият»-и Р. Ҷалил ҳар ду 1932, режисёр Ҳ. Қосимоз). Соли 1933 «Ду коммунист»-и К. Яшин (режиссёр М. Саидов), «Шӯриши Восеъ»-и А. Фитрат, «Ҳалима»-и Ғ. Зафарӣ, «Оршив- мол-олон»-н У. Ҳоҷибеков (режиссёр Ҳ. Қосимов). Солҳои 1934—36 як қатор песаҳои адибони тоҷик «Саодат»-и Р. Ҷалил, «Ҳукм»-и М. Турсунзода (режиссёр Ҳ. Маҳмудов), «Шараф»-и М. Аминзода, «Роҳатхон»-и М. Турсунзода (режиссёр Ҳ. Қосимов), «Муҳаббат»-и Р. Ҷалил, «Дохунда» (инсенировка аз рӯи романи ҳамноми С. Айнӣ, режиссёр Р. Эркабоев) ба саҳна гузошта шуд. Р. Эркабоев на танҳо ҳамчун актёр, балки чун режиссёри болаёқат низ муваффақият пайдо карда, солҳои 1938—41 як қатор асарҳои мураккаби саҳнавӣ— «Макр ва Муҳаббат»-н Ф. Шиллер, «Оршин-мол-юлон-и У.Ҳоҷибеков, «Тӯҳмат»-и С. Саидмуродов ва И. Исмоилов, «Гулсара»-и К. Яшин, «Санавбар»-и Р. Ҷалил, «Бой ва хизматгор»-и Ҳ. Ҳамзаро таҳия кард.

teatri-rmm-leninobod

Дар ин давра коллективи эҷодии театрро ҳунарпешагони ҳаваскор ташкил кунанд ҳам, аз байни онҳо М. Холматов, Р. Эркабоев, X. Умаров, X. Назаров, Ю. Раҳматзода, М. Воҳидов, И. Фозилова, С. Тоҷибоева, М. Самандаров ва дигарон маҳорати баланди артистӣ зоҳир мекарданд. Ҳайати оркестри онро асосан муаллимони техникуми мусиқӣ ташкил медоданд. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) ва минбаъд ба кори театр режиссёрон А. Храмченко (1941—44), М. Кисиц (.1944—48), Д. Серебрянник (1951— 55) ҳиссаи калон гузоштанд. Пьесаҳои «Калтакдорони сурх»-и С. Улуғзода (.1941), «Рустам ва Сӯҳроб»-и А. Пирмуҳаммадзода ва В. Волькевштейи (1942), «Мардуми рус»-и К. Симонов (1944), инчунин «Тоҳир ва Зӯҳро»-и С. Абдулло, «Лайлӣ ва Маҷпун»-и Ш. Хуршед, «Фарҳод ва Ширин»-и К. Яшин, «Раъду барқ»-и А. Островский, «Қишлоқи тиллоӣ»-и М. Миршакар ва ғайра таҳия шуданд. Аз соли 1955 Р. Эркабоев саррежиссёри театр шуда, як қатор спектаклҳоро ба саҳна гузошт, ки дар байни онҳо «Пӯлод ва Гулрӯ»-и Р. Ҷалил, «Ду зебоӣ, ду ишқ»-и М. Сайфиддинов, «Ҷони нодон дар азоб»-и Ҳ. Содиқ, «Тӯй»-и С. Ранӣ, «Тӯфон-и Ғ. Абдулло ва Ш. Қиёмов, «Нурхон», «Равшан ва Зулхумор»-и К. Яшин буданд. Роҳбари нави бадеии коллектии Л. Бочавер «Сонни ва Махиваль»-и Балвант Гарги, «Беҷиҳоа»-и А. Островский, «Дили шоир»-и Р. Ҷалил, «Шарораҳои Хуҷанд»-и С. Сафаровро ба саҳна гузошт. Театр дар солҳои охир ба камолоти эҷодӣ расид. Ҳайати артистони кӯҳансолу пуртаҷриба бо артистони касбӣ, мусиқичиён ва дигар мутахассисон, ки институтҳои театриро хатм намудаанд, пурратар гардид. Ба кори театр ходимони намоёни санъати театрӣ — Артисти Халқии РСС Тоҷикистон О. Назаров (директор ва сардирижёр), Ходими Хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон. И. Саломов (саррежиссёр), Артисти Халқии РСС Тоҷикистон Р. Баккал (сарбалетмейстер) роҳбарӣ мекунанд. Дар ин театр рассом И. Буров, дирижёр А. Акрамов кор мекунанд. Дастди пурқуввати актёрон амал дорад. Дар байни онҳо Артисти Халқии РСС Тоҷикистон О. Усмонова, М. Иброҳимова, Ҷ. Набиев, Арт. Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон— С. Исоава, С. Қурбоналиев, У. Ҳамдамов, С. Холматов, М. Самандаров, С. Фармолов, М. Аҳроров, А Парпиев, Д. Алиматов, 3. Асанова ҳастанд. Саррежиссёри театр И. Саламов даҳҳо спектакл таҳия намуд, ки «Бедорӣ»-и Р. Ҷалил (1975), «Супориши ЧК-и А. Сидқӣ, «Абадзиндаҳо-и С. Сафаров (1976), «Зол ва Рудоба-и Ш. Қиёмов ва М. Шералӣ, «Рамаяна»-и Н. Гусева (аз рӯи достони қадимаи ҳиндӣ), «Суруди Бахтиёр»-и ИI. Исломов, «Ашрофпараст»-и Ж. Мольор (1977), «Соҳибаи меҳмонхона»-и К. Гольдоян, «Лӯлиён»-и А. С. Пушкин, «Фаввораи ишқ, фаввораи ашк» (аз рӯи асари «Фаввораи Боғчасарой»-л А. С. Пушкин, ипспенировкаи Н. Исломов), «Исьёни арӯсон»-и С. Аҳмад, «Авлодони шайтон»-и Ҳ. Мухторов (1978), «Қиссаи ҳиндубача Маугли» (аз рӯи асари Р. Киплинг, сценарияи Н. Гернет), «Хонашерони майдонғариб»-и Ғ. Абдулло, Ш. Қиёмов ва М. Рабиев, «Хусрав ва Ширин»-и Г. Питицин (аз рӯи достони Н. Ганҷавӣ), «Аз бало ҳазар»-и Ш. Қиёмов (1979) ва ғайра. Солҳои 80-ум дар репертуари театр спектаклҳои «Темурмалик»-и С. Улуғзода, «Кӯчабоғи ошиқон»-и А. Шукӯҳӣ, «Баъди имтиҳои»-и Ф. Ансорӣ, «Исёни арусони» С. Аҳмад, «Фоҷиаи инсон»-и А. Атобоев ва ғайра мавқеи намоён доштанд. Дар репертуари театр асарҳои драматургони республикаҳои бародарӣ, драматургони советии рус, классикаи ҷаҳонӣ ва драматургияи тараққипарвари хориҷӣ дида мешаванд. Коллективи театр дар районҳои вилояти Ленинобод ;аз республикаҳои ҳамсоя ҳунарнамоӣ мекунад. Дастаи концертии театр (роҳбараш Ҷ. Набиев), ки ба ҳайати он У. Ҳамдамов, Д. Алиматов, 3. Асанова ва ғайра дохиланд, бо барномаҳои пурмазмун баромад мекунад.
Адабиёт: Нурджанов Н., Таджикский театр, Москва. 1968.
Я. Ясломов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …