Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ТЕАТРИ ДРАМАИ МУСИҚИИ КӮЛОБ ба номи С. Вализода

ТЕАТРИ ДРАМАИ МУСИҚИИ КӮЛОБ ба номи С. Вализода

ТЕАТРИ ДРАМАИ МУСИҚИИ КӮЛОБ ба номи С. Вализода, коллективи эҷодн; соли 1938 дар заминаи театри районӣ чун театри музофотӣ ва аз соли 1939— чун вилоятӣ таъсис ёфт. Аввалин ҳунарпешаҳои театр навозандагону сарояндагони маъруф — ҳофиз ва шоири халқӣ Саидалӣ Вализода, сурнайнавозои Чол Одинаев ва Ҳалим Раҳимов, таблакнавоз Абдулло Азизов буданд.

ploshad_kulob

Охири солҳои 30 ба театр писарони масхарабози нулвандӣ Шукрулло Қуқулов — Зайдулло ва Фатҳулло омаданд. Дар ташаккули театри касбӣ ва бойшавии репертуари он ҳиссаи роҳбари бадеии театр Артисти Хизматнишондодан РСС Тоҷикистон С. Вализода, ки аз соли 1980 театр номи ӯро гирифтааст, хеле калон аст. Намоиши солҳои аввали театр асосан аз саҳначаҳои ҳаҷвӣ, дуэту куплетҳои халқӣ, песаҳои на чандон калони замонавӣ тартиб дода мешуд. С. Вализода барои театр мазҳакаҳои якпардагии «Хоҳиши Гулчеҳра», «Аҳмад ва Барно»-ро навишт, инчунин «Эшони фиребгар»-и Т. Самадӣ (1937), «Аршин-мол-олон»-и У. Ҳоҷибековро (1939) таҳия намуд. Минбаъд песаҳои «Кори Умурзоқов»-и Д. Дилбар (1940), «Табиби зӯракӣ»-и Ж. Б. Молер, «Гулсара»-и К. Яшин, «Ҳалима»-и Ғ. Зафарӣ ва ғайра ба саҳна гузошта шӯданд. Солҳои 1959—68 Театри драмаи мусиқии Кулоб ҳамчун театри халқӣ «амал мекард. Дар азназаргузаронии умумииттифоқии театрҳои ҳалқӣ (1967) ҳайати эҷодии театр ҷои намоёнро сазовор шуд ва соли 1968 боз номи ҳозираашро гирифт. Аз солҳои 60-ум давраи таҷаддуди театр фаро расид, асарҳои зиёди драматургӣ таҳия шуданд. Номҳои чандин режиссёрон —В. С. Смирнов, С. Вализода, Ф. Тошмуҳаммадов, М. Мамадазизов, М. Шаропов, М. Қурбонов, Н. Щербина, М. Миров, ҳунарпешагон — Артистони Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон С. Каримов, Т. Бобиева, Коркуни Хизматнишондодаи Маданият Г. Назирматов, А. Баротов, А. Абдураҳмонов, Ғ. Каримов, Ҳофизи Халқии Тоҷикистон О. Ҳошимов, У. Раҷабов, хоҳарон Садбарг ва Сурайё Қосимоваҳо, насли нави актёрон С. Муқимов, Б. Ҳасанов, Ҷ. Сироҷов, Т. Бобоев ва дигарон бо фаъолияти эҷодии театр зич алоқаманд аст. Дар саҳнаи театр чандин асарҳои класспкони рус ва ғарб, бисёр песаҳои адибони советӣ ва тоҷик таҳия шудаанд. Репертуари театр бой буда, песаҳои «Парии обӣ»-и А. С. Пушкин, «Андро ва Саидро»-и Г. Хугаев, «Робиаи Балхӣ», «Эшони Иллоапта», «Моҷарои имтиҳон»-и А. Атобоев, «Лейтенант Олимов»-и А. Сидқӣ, «Се хушдор»-и А. Баҳорӣ, «Шамшер ва рангинкамон»-и А. Қаҳҳорӣ, «Комбриг Томин»-и М. Рабиев, «Сафар Амиршоеви Т. Аҳмадхонов ва Р. Сафаров, «Мӯниса»-и Ҳ. Қурбонова, «Бародарон»-и М. Бахтӣ, «Карим-Девона»-и Т. Аҳмадхонов, «Тӯй рӯзи шанбе таъин шудааст»-и М. Каримов, «Айбнома»-и Н. Думбадзе, «Писари калонӣ»-и А. Вампилов ва ғайраро дар бар мегирад. Солҳои охир дар саҳнаи театр песаҳои «Восеъ»-и С. Улуғзода, «Мӯьҷизаи муқаррарӣи Е. Шварц, «Мулки меросӣ»-и Т. Аҳмадов, «Бадқасд»-и А. П. Чехов (шаби пьесаҳои якпардагӣ), «Тангкӯча»-и М. Бахтӣ, «Раиси сездаҳум»и А.      Абдуллин, «Хусрав ва Ширии»-и М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ, «Мукофот»-и Н. Есиненку, «Найрангҳои Скапен»-и Ж. Б. Молер, «Офарин Шерак»-и А. Инин, «Салом, падарони азиз!»-и Р. Отколенко таҳия гардиданд. Ҳайати эҷодии театр бисёр барномаҳои мукаммали концертию адабӣ дорад, ки дар тайёр кардани онҳо Ҳофизи Халқии Тоҷикистои О. Ҳошимов, Артистони Хизматнишондодаи Тоҷикистон С. Косимова, Б. Азизов, Д. Холов, сарояндагони хушовоз М. Миров, Б. Ҳасанов, Ф. Тӯраева ва дигарон ҳиссаи калон гузоштаанд. Дар ҳайати эҷодин театр то имрӯз (1984) шахсони зерин кор мекунанд: дастаи актёрон — Артисти Хизматнишондодаи ССР Тоҷикистон С. Каримов, Коркуни Хизматнишондодаи Маданияти Тоҷикистон Г. Назирматов, Б. Ҳасанов, С. Абдурасулов, М. Раҳмонов, Т. Бобоев, Ҷ. Сироҷов, Ш. Ойматов, Ғ. Каримов, Ш. Ҳасанов, X. Тилавов, А. Табарова, А. Исмоилов, М. Мадёров, дастаи сарояндагон — Ҳофизи Халқии Тоҷикистон О. Ҳошимов, Артистони Хизматнишоидодаи Тоҷикистон С. Қосимова, Б. Азизов, Д. Холов, ҳофизон Ф. Тӯраева, А. Бозорова, М. Ҳалимова, раққосаҳо —С.            Қосимова, С. Афғонова, X. Кӯлобиева, 3. Давронова, ҳайати навозандагон — Артисти Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон А. Баротов (роҳбари мусиқӣ), А. Абдураҳмонов, М. Олимов, Г. Юнусов, Ҷ. Каримов ва дигарон. Саррежисоёри театр М. Миров (аз соли 1976), рассом А. Нозимов (аз соли 1970), балетмейстер А. Муҳаммадиев (аз соли 1978). Коллективи эҷодии театр ба пойтахти республика ва бисёр шаҳру районҳои он сафари ҳунарӣ намудааст.            Н. Исломов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …