Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАССИ Гарсен де Марсел

ТАССИ Гарсен де Марсел

tassi-garden

ТАССИ Гарсен де Марсел (1794, Париж— 1878, ҳамон ҷо), шарқшиноси франсавӣ. Тасси— муаллифи чандин асарҳои илмӣ роҷеъ ба «адабиёти Шарқ. Вай забонҳои арабӣ, форсӣ, туркӣ ва санскритро хуб медонист. Дар ду асари Тасси «Таърихи забон ва адабиёти ҳиндӣ» (1837), «Забон ва адабиёти ҳиндӣ аз соли 1850 то 1873» (1873) аз таърихи забон ва адабиёти Ҳиндустон сухан меравад. Асари дигари Тасси «Назми фалсафӣ ва тасаввуфӣ дар адабиёти форсӣ» (1857) роҷеъ ба шеъри форсӣ-тоҷикӣ баҳс мекунад. Дар мақолаҳои Тасси «Саъдӣ—муаллифи нахустин шеърҳои ҳиндустонӣ» (1843) ва «Бӯстон — достони ахлоқии Саъдӣ. Таҳлил ва намунаҳо» (1859) паҳлуҳон гуногуни эҷодиёти шоирро мавриди тадқиқ қарор додааст. Тасси яке аз аввалии шарқшиносонест, ки дар бораи ҳаёт ва эҷодяёти Умари Хайём мақола навиштааст: «Қайдҳо роҷеъ ба рубоиёти Хайём» (1857). Дар охири мақола даҳ рубоии Хайём дар тарҷумаи ӯ оварда шудааст. Ин тарҷума аз нахустин тарҷумаҳои рубоиёти Хайём ба забони франсавӣ мебошад. Ш. Мухторов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …