Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАРКИБИ ЛУҒАВИИ ЗАБОН

ТАРКИБИ ЛУҒАВИИ ЗАБОН

ТАРКИБИ ЛУҒАВИИ ЗАБОН, маҷмӯи калимаҳо (лексика)-и ягон забон аз ҷумла неологизмҳо — калимаҳои нав, лексикаи шевагӣ, жаргонизмҳо, истилоҳот ва ғайраро гӯянд. Миқдори лексикаи таркиби луғавии забон ба хусусияту дараҷаи инкишофи ҳаёти иқтисоди, иҷтимоӣ ва мадании соҳибони забон вобаста аст. Таркиби луғавии забон системаи муташаккиле (нигаред Системаи забон) буда, дар он калимаҳо аз ҷиҳатҳои гуногуни фарогирандагӣ ба якдигар марбутанд (синонимҳо, омонимҳо, антонимҳо ва ғайра).

book
Калимаҳои Таркиби луғавии забон аз ҷиҳати дараҷаи истифодаву истеъмол ба ду гурӯҳ — калимаҳои фаъол ва ғайрифаъол ҷудо мешаванд. Луғати фаъол калимаҳоеанд, ки ба ҳамаи истеъмолкунандагон фаҳмоанд ва дар гуфтугӯи мардум ҳамеша озодона истифода мешаванд. Калимаҳои кӯҳнашудаи таърихӣ, архаизмҳо, калимаҳои нави истеъмолашон умумӣ нагардида, истилоҳоти илмӣ ва калимаҳои мансуби ягон пеша ва ҳунар, ки дар доираи маҳдуди одамон истифода мешаванд, ба гурӯҳи луғатҳои нофаъол дохиланд. Ҳудуди луғатхои фаъол ва луғатхои нофаъол нисбист. Дар инкишофи таърихии забон гузариш аз гурӯҳи фаъол ба нофаъол ва баръакс ҳодисаи муқаррарист. Ба ин гуна тағйирот аз ҳама камтар калимаҳое дучор мегарданд, ки аз тарафи ҳамаи соҳибони забон баробар истеъмол мешаванд ва ин гуна калимаҳо фонди луғавии асосии забонро ташкил медиҳанд.
Таркиби луғавии забон дар ҷараёни пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ аз ҳисоби қонуниятҳои Дохилии забон, махсусан калимасозӣ ва калимаҳои иқтибосии забонҳои дигар бой мешавад ва такмил меёбад. Дар давраҳои гуногуни инкшиофи таърихии забони тоҷикӣ ба таркибм луғавим он калимаҳои зиёди хориҷӣ — юнонӣ, арабӣ, туркӣ ва ғайра дохил шудаанд. Дар асри 19 ва аввали асри 20, махсусан, пас аз ғалабаи Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр ба Таркиби луғавии забони тоҷикӣ калимаҳон русӣ ва русӣ-интернасионалӣ роҳ ёфтанд.
Ҳоло ин гуна калимаҳо дар қабатҳои гуногуни таркиби луғавии забони тоҷикӣ, хусусан дар лексикаи илмию техникӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, моддию маишӣ дида мешаванд. Таркиби луғавии забон дар луғат ва фарҳангҳои тафсирии забон инъикос меёбад. Ҳ. Рауфов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …