Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ ГУЗИДА»

«ТАЪРИХИ ГУЗИДА»

«ТАЪРИХИ ГУЗИДА» асари таърихии ҷуғрофидон, муаррихи номии форс-тоҷик Муставфии Қазвинӣ, ки солҳои 1329—30 ба забонӣ форсӣ-тоҷикӣ таълиф шудааст. «Таърихи гузида» ба ҳукмрони ҳамонвақта Хоҷа Ғиёсуддин Маҳмуд — писари Рашиддудин Фазлуллоҳ бахшида шудааст. Китоб аз муқаддима, шаш боб, ки ҳар боб чанд фасл дорад ва хотима иборат аст. Бобҳои алоҳидаи асар ба таърихи пайғамбарону уламои дини ислом подшоҳони тоисломии Эрон, таърихи Муҳаммад, таърихи сулолаҳои подшоҳону ҳукмронони Саффорӣ, Сомонӣ, Ғазнавӣ, Ғурӣ, Дайламӣ,  Хоразмшоҳӣ, Атобакӣ, Исмоил, Қарахонии Кармина, ҳокимони Лур, муғулҳо, шарҳи ҳоли олимолу донишмандон, шайхону шоирон оид аст. Дар боби шашум муаллиф аз воқеаҳои шаҳри Қазвин ва тарафи арабҳо истило шудани ин шаҳр ва дини исломро қабул кардани аҳолии он, аз сохтмонҳо, дарёҳо, молаҷот, масҷиду мадрасаҳо, одамони машҳур, ҳокимон, қабилаҳои номдори Қазвин маълумоти муфассал медиҳад. «Таърихи гузида» барои омӯхтани воқеаҳон асрҳои 13—14 аз сарчашмаҳои боэътимод мебошад, зеро муаллиф бештар воқеаҳоро тасвир мекунад, ки худ шоҳиди он будааст, ё аз шахси боэътимод шунидааст.

Муаллифи «Таърихи гузида» дар навиштани он ба «Ҷомеъ-ут-таворих» ва дигар асарҳои таърихӣ пайравӣ кардааст. «Таърихи гузида» дар Лондон (1910), Теҳрон (1060) нашр ва ба забонҳои туркӣ, франсавӣ ва русӣ тарҷума шудааст.

Сторич. А., Персидскан литература, ч. 1, М., 1972.   У. Тоиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …