Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ БУХОРО» – «Таърихи Наршахӣ»

«ТАЪРИХИ БУХОРО» – «Таърихи Наршахӣ»

«ТАЪРИХИ БУХОРО» «Таърихи Наршахӣ», асари таърихи, таълифи Абӯбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфар Наршахӣ ба забони арабӣ (943—944). Бо номҳои Таърихи Наршахии нав (ҷадид), Ахбори Бухоро, Таҳқиқи вилояти Бухоро низ машҳур аст. Тасвири батафсили ҳодисаҳои давраи Сомониён ва воқеаҳои дигар шаҳодат медиҳанд, ки асар бо супориши махсуси Нӯҳ ибни Насри Сомонӣ (942—954) таълиф ёфтааст. Асар бобу фаслҳо надошта, аз ибтидо то интиҳо бесарлавҳа навишта шудааст. Дар «Таърихи Бухоро» асосан дар бораи Бухоро ва заминҳое, ки ба ҳайати он дохил мешуданд, ҳаволии шаҳр, бозорҳо, қозиҳо ва дигар амалдороми ҳамон давр, биноҳои мухталиф, аз ҷумла сохтмони аркҳои Бухоро, манзилҳои ҳокимони Бухоро, баёни Ҷӯи Мӯлиён, андозу хироҷ, тангаю дирҳами Бухоро, ҳукмронии Қутайба ибни Муслим ва фатҳи Бухоро, тақсими Мовароуннаҳр ва ҷорӣ шудани дини ислом, дар бораи Сомониён ва сулолаи онҳо, овози ҳукмронии Сомониён ва ғайра бо як ҳиссиёти баланд сухан ронда шудааст. Муаллиф дар навиштани «Таърихи Бухоро» аз баъзе асарҳои таърихии араби, то замони мо нарасидаанд, истифода кардааст. Нусхаи дастхати арабии «Таърихи Бухоро» то замони мо омада нарасидааст ва дар бораи мавҷуд будани он маълумот ҳам нест. Бори аввал соли 1128 ба забони форсӣ-тоҷикӣ мухтасаран тарҷума карда шудааст.  Ҳамин нусха бори аввал баъди ним аср ва маротибаи дуюм соли 1178 таҳрир шудааст. Ҳангоми таҳрири дуюм ба «Таърихи Бухоро» доир ба воқеоти таърихии солҳои 1178—79-ум 1220 маълумоти мухтасар дохил карда шудааст. Ба ғайр аз ин якчанд каси номаълум асарро таҳрир кардаанд, ки илова ва мазмуни баёни воқеаҳо то оғози ҳуҷуми муғулҳо инъикос ёфтааст. Дар асоси нусхаҳои зиёди дастхати китоб «Таърихи Бухоро»-фо соли 1892 Ч. Шефер дар Париж ба забони франсавӣ ва соли 1939 Мударриси Ризавӣ дар Теҳрон ба забони форсӣ нашр кардаанд. «Таърихи Бухоро»- ро соли 1897 Н. Ликошин дар Тошкент оа забони русӣ гардонд, 1954 Р. Фрай бо эзоҳу иловаҳо дар Кембриҷ ба забони англисӣ чоп кард. 1966 дар Тошкент ба забони ӯзбекӣ, 1980 дар Душанбе ба забони тоҷикӣ нашр гардид. Нусхаҳои «Таърихи Бухоро» дар китобхонаҳои Ленинград, Душанбе, Тошкент, Машҳад, Теҳрон, Париж ва ғайра маҳфуз аст.

Адабиёт: Абӯбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфар Наршахӣ. Таърихи Бухоро, Душанбе. 1980. Н. Қосимов. 3. Юсуфов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …