Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАППОНЧА

ТАППОНЧА

ТАППОНЧА, туфанги оташфишони фардист барои маҳви душман (то масофаи 70 м). Таппончаҳои пидтагӣ дар Европа ва Осиё асри 16 пайдо шуданд. Дар армияҳои гуногун аз асри 17 сар карда Таппончаҳои затвораш чақмоқӣ ва аз асри 19 Таппончаҳои капсюлӣ маълум буданд. Барои афзудани суръати тирпаррони дар ин давра Таппончаҳое месохтанд, ки ду ва бештар мил доштанд» То солҳои 50 асри 19 аксар таппончаҳо ҳамвормил буданд ва бевосита ба милашон тир ҷо карда мешуданд. Солҳои 50 асри 19 ҷои онҳоро аслиҳаи мукаммалтар — револверҳои рахпечмила гирифтанд.

tapponcha

Баъди ихтирои борути бедуд (солҳои 80 асри 19) ва патрони гилзааш металлӣ таппончаҳои автоматӣ ба вуҷуд омаданд, ки суръати тирандозии онҳо нисбатан баланд мебошад. Армияи советӣ бо Таппончаи системаи Н. Ф. Макаров мусаллаҳ аст. Таппончаҳон сигналдиҳӣ ва спортӣ низ мавҷуданд.
Ҳоло таппончаҳои системаҳои гуногун, аз ҷумла «Колт» (ШМА), «Браунинг» (Англия), «Валтер» (РФГ) ва ғайра чун силоҳи ҳарбии аксар мамлакатдои капиталистӣ астифода мешаванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …