Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАМИИЗ – стерилизасия

ТАМИИЗ – стерилизасия

ТАМИИЗ, (арабӣ — Ҷудо кардан), таъқим, стерилизасия, лотиниаш sterilis— бенасл), 1) ба воситаи омилҳои физикӣ ва химиявӣ нобуд кардани микроорганизмҳои гуногунро гуянд. Усулҳои аз ҳама маъмули тамииз таъсири ҳарорати баланд ва барои моеъҳо полудан мебошад. Дар вақти полудан ҳуҷайраҳои микроорганизмҳо дар поло нигоҳ дошта мешаванд. Ҳуҷайраҳои нашвии аксари бактерияҳо, хамирмоя ва занбӯруғҳои микроскопӣ дар ҳарорати 50— 70°С дар муддати 30 дақиқа нобуд мешаванд, вале барои нобуд кардани спораи як қатор бактерияҳо чунин шароит кифоя нест. Бинобар ин дар чунин мавридҳо аз ҳарорати баланд (100°С) истифода мебаранд. Усули орддитарини тамииз тафсондани чизҳои филизӣ ва шишагӣ бо алангаи горелка мебошад. Зарфҳои лабораторӣ, асбобҳои филизӣ, баъзе моддаҳои хокамонанди ҳангоми тафсонидан вайроннашаванда ва ғайраро дар шкафҳои махсуси хушкунанда дар ҳарорати 160— 165°С 2 соат, муҳити ғизои микроорганизмҳоро дар 4 ат ва 12ГС 20—30 дақиқа асбобҳои ҷарроҳӣ, маториалҳои ҷароҳатбандӣ, консервҳои гуногун ва ғайраро дар 1 ат 30 дақиқа тамииз мекунанд. Баъзе моддаҳо ва маҳлулҳоро дар ҳарорати баланд тамииз кардан мумкин нест, чунки онҳо бухор ва ё вайрон мешаванд. Дар чунин маврид тамиизи «сард»-ро истифода мебаранд. Чизҳои сахт (баъзе пластмассаҳо, асбобҳои электронӣ ва ҒАЙРА), ки ҳангоми тафсонидан вайрон мешаванд, бо газ (масалан, оксиди этилен якҷоя бо омехтаи СО2 ё бромиди метил), спирт ва моддаҳои дигари хамиявӣ тамииз кардан мумкин аст. Дар чунин ҳолатҳо ба истилоҳ тамиизи шуоиро истифода мебаранд. Миқдори микроорганизмҳои ҳавои биноҳо (хонаи ҷарроҳӣ, сехҳои печонидани антибиотикҳо ва ғайра)- ро бо ёрии шуоафкании ултрабунафш кам мекунанд. Тамииз дар тадқиқоти микробиологӣ, тиб, саноати хурокворӣ ва ҒАЙРА ҳарҷониба истифода мешавад.
2) Тамиизи ҷинсӣ — бо роҳи сунъӣ қатъ намудани қобилияти васлдиҳиро гӯянд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …