Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТӮҲФАТ-УТ-ТАВОРИХИ ХОНӢ»

«ТӮҲФАТ-УТ-ТАВОРИХИ ХОНӢ»

«ТӮҲФАТ-УТ-ТАВОРИХИ ХОНӢ» Муаллиф мувофиқи анъанаи тазкиранависӣ аввал тахаллус, баъд сифатҳои шахсӣ, номи падар, ҷои талаллуд ва гоҳо авлоди шоиронро зикр карда, дар бораи давраи зиндагӣ, ҳунари шоирону олимон ва хусусияти эҷодиёти онҳо маълумот медиҳад. Дар «Тӯҳфат-ут-таворихи хонӣ» ҳамагӣ 3160 мисраъ шеър гирд оварда шудааст. «Тӯҳфат-ут-таворихи хонӣ» анъанаи тазкирапависиро аз пав зинда карда, ба инкишофи минбаъдаи он роҳ кушод. Баъдтар дар асоси маълумоти «Тӯҳфат-ут-таворихи хонӣ» як силсила тазкираҳои нав ба миён омаданд. «Тӯҳфат-ут-таворихи хонӣ» барои омӯхтани адабиёти асрҳои 18- 19-и тоҷик сарчашмаи муҳим мебошад.
Нашр:
Адабиёт: Неъматзода Т., Возеҳ, Душанбе, 1967. Т. Неъматзода.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …