Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СИСТЕМАИ СОТСИАЛИСТИИ ХОҶАГӢ

СИСТЕМАИ СОТСИАЛИСТИИ ХОҶАГӢ

СИСТЕМАИ СОТСИАЛИСТИИ ХОҶАГӢ, системаи планист, ки ба моликияти ҷамъиятии воситаҳои истеҳсолот ва меҳнатӣ аз истисмор озод асос ёфтааст. Асоси моддии Системаи сотсиалистии хоҷагӣ истеҳсолоти калони мошинӣ мебошад. Системаи сотсиалистии хоҷагӣ мувофиқи қонуни объективии иқтисодии сотсиализм ба манфиати бештар пурра қонеъ гардонидани талаботи моддию мадании ҷамъият инкишоф меёбад (нигаред Қонуни асосии иҷтисодии сотсиализм, Қонуни тақсимот мувофиқи меҳнат ва ғайра). Ба Системаи сотсиалистии хоҷагӣ маҷмӯи корхонаҳои ҷамъиятӣ, соҳаҳои иотеҳсолоти ҷамъиятӣ, ки байни худ бо тақсимоти ҷамъиятии меҳнат алоқаманданд, мансубанд (Нигаред Хоҷагии халқ). Системаи сотсиалистии хоҷагӣ аз системаи хоҷагии капиталистӣ ба куллӣ фарқ мекунад ва нисбат ба он бартарии куллӣ дорад. Системаи сотсиалистии хоҷагӣ тараққиёти босуръат, инкишофи мунтазами қувваҳои истеҳсолкунанда, такмили муносибатҳои истеҳсолӣ ва беш аз пеш беҳтар шудани зиндагонии халқро таъмин мекунад.

  Баробари ба вуҷуд омадани системаи ҷаҳонии сотсиализм Системаи сотсиалистии хоҷагӣ ташаккул ва инкишоф меёбад. (нигаред низ Сотсиализм).

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …