Маълумоти охирин
Главная / Биология / СИСТЕМАИ ХУНГАРД

СИСТЕМАИ ХУНГАРД

sys-khungard

СИСТЕМАИ ХУНГАРД, системаи хункашоӣ, маҷмӯи рагҳо ва ковокиҳо (ҷавфҳо)-и организми ҳайвон ва одам, ки дар онҳо хун ё гемолимфа мегардад. Системаи хунгард организмро бо моддаҳои ғизоӣ ва оксиген таъмин мекунад ва маҳсулоти мубодилаи моддаҳоро хориҷ менамояд. Системаи хунгард ду навъ мешавад: сарбаста ва ғайрисарбаста (лакӯнарӣ). Системаи хунгардии сарбаста барои баъзе ҳайвонҳои бемӯҳра (масалан, ҳалқакирмҳо), ҳамаи ҳайвонҳои мӯҳрадор ва одам, Системаи хунгарди ғайрисарбаста бошад, ба аксари ҳайвонҳои бемӯҳра (бандпойҳо, нармбаданҳо) ва ҳайвонҳои хордадори дараҷаи паст хос аст. Дар ҳайвонҳое, ки Системаи хунгардашон ғайрисарбаста аст, мубодилаи моддаҳо байни хуну бофтаҳо бевосита дар худи бофтаҳо ба амал меояд. Дар ҳайвонҳое, ки Системаи хунгардашон сарбаста аст, мубодилаи моддаҳо дар байни хуну бофтаҳо ба воситаи девораи рагҳо ба вуҷуд ме- ояд. Системаи хунгарди аз ҳама соддатарин Системаи хунгарди немертинҳост. Вай аз 3 раги тӯлонӣ (раги тахтапушт ва ду раги паҳлӯӣ) иборат аст. Аз ҳама мураккаб Системаи хунгардии ҳайвонҳои мӯҳрадор ва одам мебошад.

  Вобаста ба тарзи нафаскашӣ (бо ғалсама ё шуш) дар ҳайвонҳои мӯҳрадор хун дар як ё ду давр гардиш мекунад. Ҳайвонҳои мӯҳрадоре, ки бо галсама нафас мекашанд, як даври гардиши хун ва ҳайвонҳои муҳрадори хушкигарду одам, ки бо шуш нафас мекашанд, ду даври гардиши хун (даври хурд ва даври калон) доранд (Нигаред низ Гардиши хун). Дар одам, ҳайвонҳои мӯҳрадор ва баъзе ҳайвонҳои бемӯҳра (масалан, нармбаданҳо) узви асосии Системаи хунгард дил аст. Рагҳое, ки хунро аа дил ба бофтаҳо ва узвҳои бадан мебаранд, артерия (шараён ё сурхраг) ва рагҳое, ки хунро ба дил меоранд, вена (варид ë сиёҳраг) номида мешаванд. Девораи артерияҳо аз се қабат иборат аст: дарунӣ, миёна ва берунӣ. Дар артерияҳои калон бофтаҳои чандир ва дар артерияҳои миёна ва хурд аз ҳуҷайраҳои мушакӣ бисёранд. Артерияҳо ба шохаҳо, шохчаҳо ва шохчаҳои майдатарин тақсим мешаванд. Ҳамаи онҳо бо ҳамдигар пайвастанд. Артерияҳои аз ҳама майда артериолаҳо буда, ба капиллярҳо (мӯрагҳо) табдил меёбанд. Девори капиллярҳо аз як қабат ҳуҷайраи эпителӣ иборат буда, ба гузаронидани моддаҳои ғизоӣ ва газҳо мувофиқ аст, капиллярҳо бо ҳамдигар васл шуда, шабакаи (тӯри) капилляри ҳосил мскунанд. Аз онҳо рагҳои баъдикапиллярӣ, сонӣ веначаҳои майда ва минбаъд венаҳо ҳосил мешаванд. Девораи венаҳо хеле тунук ва қабати мушакии онҳо заиф аст. Бинобар ин девораҳои венаҳои холӣ ба якдигар мечаспанд. Ҳаракати хун дар венаҳо ба фаъолияти дил, қувваи кашиши қафаси сина, кашишхӯрии мушакҳои девораи венаҳо вобаста аст. Дарғотҳои андаруни венаҳо ба ҷараёни ақибнокии хун монеъ мешаванд. Хуни коркардашуда (мурдор) бо венаи тиҳии поёнӣ ба дил (пешдили рост) мерезад.

Н. У. Усмонов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …