Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИММЕТРИЯ

СИММЕТРИЯ

СИММЕТРИЯ дар физика, зимни табдилоте (тағйир ёфтани шароити физикӣ) бетағйир мондани бунёди объектеро гӯянд. Барфреза, оинаи яхкарда, барг ё худ гул, хонаи занбӯр, кристалл ва як қатор падидаҳои табиие мавҷуданд, ки дар схтапюн мувофнқат, тартиб ва қонуниятҳои муайян такрор меёбад. Мушоҳидаи чунин офаридаҳо боиси пайдоиш ва ривоҷи мафҳуми Симметрич гардид.

Ҷойивазкунӣ ва чархзанонӣ муҳимтарин табдилоти фазоист. Симметрияи фазо аз он иборат аст, ки дар ҳамаи нуқтаҳо ва самтҳои гуногунфазо хосиятҳои якхела дорад. Агар хосиятҳои фазо дар ҳамаи нуқтаҳояш як хел бошад, онро фазои якҷинса ва агар дар ҳамаи тарафҳояш як хел бошад, онро фазои изотропӣ меноманд.

Симметрияи вақт аз он иборат аст, ки дар фосилаҳои гуногун хосиятҳои вақт якхеланд, яъне қонунҳои физикӣ бо мурури вақт тағйир намеёоанд. Қонунҳои бақои энергия, миқдори ҳаракат ва моменти миқдори ҳаракат низ бо Симметрияи фазо ва вақт алоқаманданд.

Объектҳои физикӣ нисбат ба ҳаракат ҳам Симметрия доранд. Мувофиқи принсипи нисбияти ҳаракат (принсипи Галилей) дар системаҳои инерсиалӣ ҳодисаҳои механикӣ якхела мегузаранд, яъне дар системаҳои инерсиалӣ қонунҳои ҳаракати Нютон як хел ифода меёбанд. Аз суръати нур ниҳоят хурд будани суръати нисбии системаҳои инерсиалӣ боиси дар онҳо якхела будани хосиятҳои фазову вақт мегардад, яъне дар ҳамаи системаҳои инерсиалӣ тавассути табдилоти Галилею Нютен қонунҳои ҳаракати Нютон як хел ифода меёбанд. Аз ин ҷиҳат назарияи нисбии физикаро назарияи Симметрияи фазову вақт ҳисоб кардан мумкин аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …