Маълумоти охирин

СУЛТОН САОДАТ

sultan-saodat

СУЛТОН САОДАТ, ёдгории меъмории асрҳои 10—17, маҷмӯи мақбараи сулолаи сайидҳо дар наздикии Тирмиз. Мақбараҳои ин ёдгорӣ дар асри 10, аксараш дар асрҳои 15—17 паҳлуи ҳам сохта шуда, як ҳавлии дарозрӯяро ташкил додаанд. Мақбараҳо дорои пештоқ ва хонаҳои чорсӯи гунбазӣ буда, петатоқи асосии ҳавлӣ ва мақбараҳои гунбазии ду шафати он аз рӯи як лоиҳа сохта шудаанд. Деворҳои мақбараи шимолу ғарбӣ аз хиштҳои муқаррарӣ (27Х Х27Х5 см) бо усули ҷуфт дар ҷуфтчида шуда, «мавҷҳо»-и назарраборо ташкил додаанд. Деворҳои хона дорои се қаторравоқи гурҷдор буда, ба ҳаштравоқи он гунбази чорравзана такя мекунад. Мақбараи ҷанубу ғарбии хурдтар буда, нисбатан оддист ва гаҷкорӣ шудааст. Дар пешгоҳи суфаи пештоқдори байни ин ду мақбара меҳроб ҷой гирифтааст. Ёдгории Сутони Саодат 20 мақбара дорад. Дар мақбараҳои ин комллекс, ки асрҳои 15—17 бунёд шудаанд, таъсири тарзи биносозаии замон дида мешавад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …