Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУҲРАВАРДӢ Шаҳобуддин Абулҳафз Умар

СУҲРАВАРДӢ Шаҳобуддин Абулҳафз Умар

СУҲРАВАРДӢ Шаҳобуддин Абулҳафз Умар ибни Муҳаммад, мулаққаб ба Шайхулислом (1144, Сӯҳраварди Эрон—1234, Бағдод), мутафаккири мутасаввиф, яке аз асосгузорони Сӯҳравардия. Дар Бағдод дар назди амаки худ Абӯнаҷиб Абдуллоҳи Сӯҳравардӣ улуми расмию шаръӣ ва тариқати сӯфияро омӯхт.
Сӯҳравардӣ дар охири умраш ба ориф ва шоири маъруфи Миср Ибни Форис вохӯрд, бо Ибни Арабӣ ва Саъдӣ низ мулоқот дошт. Дар «Рашф-ул-насоеҳ-ул-имония фӣ кашф-ил-фазоеҳ ил-юнония» ном асари Сӯҳравардӣ масъалаҳои фалсафӣ шарҳ дода шудаанд. Асарҳои дигари ӯ «Рисол ат-ус-сайр за-ттайр», «Иршод-улчмуридин», ва ғайра мебошанд. «Авориф-ӯл-маориф» дар таҳлили масоили тасаввуфӣ навишта шудааст. Маҳмуди Кошонӣ «Мисбоҳ-ул-ҳидоя»-ро дар пайравии ҳамин китоби Сӯҳравардӣ навишт.
М. Хазратқулов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …